МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ношукрӣ накун. Дар ҳар сурат... аҷалро фиреб додаӣ.
Ҳазл не... Биё, боз яктаӣ гирем.
– Ман дигар наменўшам.
– Барои он ки саломат мондаӣ...
– Намегирам, вассалом!
Бо вуҷуди ин Сиёҳчарда хандон:
– Мегирӣ, – гуфта, ба майфурўш аз нав шароб фармуд.
Ва баъде ки вай ду стаканро пур карда, болои миз гузошт, ба шарикаш нигарист.
– Бардор.
– Гуфтам-ку: намегирам. Гап якта.
– Охиринаш ҳамин... барои саломатии сари худат.
– Ту дар ҳақиқат саломатии маро мехоста бошӣ, ҳоло панҷсад сўм бидеҳ.
– Чӣ кор мекунӣ?
– Ба пул?
– Бале.
– Нон мехарам. Ҳеҷ набошад, дурўза қути лоямутам мешавад.
– Чӣ, кисаат тамоман холӣ?
– Ман ба ту гуфтам, ки дар бадали бисту ҳашт рўз аз хона набаромадаам. Баромада ҳам наметавонистам, мурда барин будам. Аз обу нонам асосан ҳамсояҳо хабар мегирифтанд. Акнун намедонам кай ягон кор ёфта, чор-панҷ сўм пайдо мекунам. Дар киса тин надорам, – ду рўз боз ҳатто як бурда нон нахўрдаам.
– Хуб, ана инро нўшем, баъд медиҳам.
– Аввал барор.
– Гирем, канӣ...
– Не, то надиҳӣ, наменўшам.
– Оббо!
Сиёҳчарда аз кисаи шимаш як даста садсўма баровард.
Ва аз он дутаашро ҷудо карда, ба тарафи вай ёзонд.
– Ана!
– Панҷсад сўм гуфтам ман.
– Ҳаминаш бас, як буханка нон мешавад, – хандид ў.
– Пас наменўшам, – гуфт Миёнақад.
– Ростӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор