Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Барои чӣ?»
«Чӣ хел барои чӣ?»
«Чилчароғ номаш...»
«Ҳа-а, – хандид ў ва боз сарамро нарм-нарм сила карда, гуфт, ки: – Замоне аз Қипчоқ ном як дашти дур ба ин тарафҳо балои қазо барин нохост душманон ҳуҷум меоранд. Онҳо ба монанди мўру малах ҳисоб надоштаанд; ба мисли гург бераҳму чун зоғу заған носерам будаанд. Ҳама мардони водии Гардон, ки аҷдод ба аҷдод аз заҳмати деҳқонӣ нон мехўрдаанд, ва ҳатто баъзе занону духтарони нотарс дар даст шамшеру найза ва досу гаврона гирифта, ба он сарбозони яккачин, ки умрашон ба ҷангу ҷидол мегузаштааст, чил шабу чил рўз далерона корзор мекунанд. Бо вуҷуди ин душман ғолиб омада, водии Гардонро низ, чун дигар гўшаву канори ин кишвар, ба тасарруфи худ медарорад. Лекин баъзе мардони ҷасур таслим шудан намехоҳанд ва зану бачаашонро гирифта, «мо боз бармегардем», – гуфта, рў ба ҷониби кўҳҳо меоранд.
Хулоса, онҳо ба чил гурўҳ тақсим гардида, дар чил ҷои ба душман дастнораси ҳамин кўҳи баланд паноҳ мебаранд.
Шабҳо ҳар як гурўҳ дар манзилаш гулхан афрўхта, ҳамдиёрони дар водиҳо мондаи худро хабардор мекардааст, ки онҳо ҳанўз зиндаанд, дар нияти қасосанд, ба душмани ғаддор ҳаргиз сар намефуроранд. – Вай сурфида, каме ба сукут рафт.
Сипас бинии маро ба навозиш як пучида, суханашро идома дод: – Гулхани гурезаҳо аз чил ҷои кўҳ ҳар шаб ба мардуми водӣ мегуфтааст, ки шумо ҳам биёед, ба мо пайвандед, агар омада наметавонед, ба душман асло тан надиҳед. Иншооллоҳ, наздик аст рўзи озодӣ».
«Гулхан забон дорад?» – пурсидам ман, аз ҳикояти бобоям дар тааҷҷуб монда.
«Набошад чӣ? – гуфт ў ба лабханд. – Дар ин дунёи куҳан, барача, ҳар як санг, ҳар як дарахт, ҳар як гулу гиёҳ… ҳама, ҳама чиз забон дорад».
Вай гўё ба хаёл рафта, хомўш монд. Аз дуру наздик, шояд аз пали юнучқаву байни ҷўяҳои ток, овози чирчиракҳо канда-канда ба гўш мерасид. Себҳои пухта гоҳ-гоҳ аз шохҳояшон ҷудо шуда, ҳамчунон ба замин бармехўрданд. Нохост аз кадом гўшаи деҳа саге ду-се бор болоиҳам уллос кашида, пас чўб хўрд магар, ки якбора дамаш ба дарун зад.

пешина
аз 551
навбатӣ