МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ман аз ин уллоси нобаҳангом тарсида, ба тани лоғари бобоям ҷафстар шудам. Вай маро беозор ба оғўш гирифта, сару гарданамро сила кард. Баъди як лаҳза аз пушти тали Посбон, ки қаду бари он то алҳол қабристон аст, маҳтоб баромада, саҳни ҳавлии моро саросар равшан намуд. Акнун оташакҳое ки аз ҳар ҷо-ҳар ҷои кўҳ метофтанд, ба чашм хиратар мерасиданд. Ман гоҳ ба осмони пурситора ва гоҳ ба тарафи ҳамин кўҳҳо нигариста:
«Бобо», – гуфтам.
«Ҷони бобо!»
«Баъд чӣ?» – бе тоқат пурсидам.
Ў чунон ки маҳз суоли маро интизор бошад:
«Ҳамон боз номи ин кўҳ Чилчароғ», – гуфт ба оҳанги шодмонӣ ва даст ба ришаш бурд.
«Душманҳо чӣ шуданд? Рафтанд?»
«Албатта! Дар муддати ду-се соле ки дар ин кўҳҳо ҳар шаб гулхан дармегирифтааст, одамон ҳам дар он ҷо ва ҳам дар водӣ садҳо найзаву шамшер сохта, аз байни худ як нафар марди ҷасурро пешво интихоб карда, сел барин ногаҳон ба сари душман мерезанд. Ҳафт шабу ҳафт рўз ҷанг мешавад, барачаи бобо; ҷанги сахт мешавад. Ниҳоят… душман аз ҳол рафта, мурдаашро партофта, шармандавор мегурезад. Ва мардум боз нафаси озод мегиранд. Ҳамон вақт инҷониб дар он кўҳи баланд, ки халқ Чилчароғ ном додааст, ману ту барин одамон манзил доранд. Шабҳо чароғ дармегиронанд, алав мекунанд... Ба масал онҳо посбони хушёри ҳамин водии Гардонанд».
«Чӣ хел нағз!» – гуфтам ман, қонеъ гардида.
Мурод сукут кард.
Дара торафт тангтар мешуд.
Аспҳо ба ҷадал раҳ мепаймуданд.
Анвар мисли рафиқаш хомўш буд.
Саид ва ду нафари дигар низ хомўш мерафтанд.
– Дар кўдакӣ аз забони бобоям ҳамин тартиб як ҳикоят шунида будам, – гуфт ниҳоят Мурод, нақлашро ба охир расонда. – Агар рост бошад, ривояти ибратбахш...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё