МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳамроҳи модагург ба шикор баромада, асп аст ё гўсфанд, гав аст ё гўсола… чизе ки бошад, ба як паридан аз пой дароварда, филҳол бидаранд, бихўранд; шикамашон пури гўшт, аз бўи хуни гарми он ҳайвон маст шаванд. Ва шабону рўзон тозанд. Чунон тохтутоз кунанд, ки ҳама мардуми ин дараи зеборо ба ларза оранд. Ҷояш ояд, ба чўпонҳо низ ҳаргиз амон надиҳанд – то ҷон дар бадан доранд, аз он махлуқони камонбадаст, ки бисёр маккоранд, бе ҳеҷ раҳму шафқат қасос гиранд; барои падари ғамхору меҳрубони даҳҳо маротиба аз ғазаби муфоҷои инсон раҳо ёфта, оқибат дар қафои ҳамин кўҳҳои баланд ба тири якрости вай кушташудаи худ қасос гиранд.
Аз байни арчаҳои садсола дар шитоб раҳ кушода, ба чунин хаёлҳои пурмалол мерафт модагург. Вай чор рўз муқаддам бачаҳояшро дар азоби алим ба ин тарафи кўҳ оварда, дар як ғори заҳ ва торик ҷойгир кард; ҳарчанд кўшид, дигар манзили мувофиқ наёфт.
Чӣ илоҷ, тақдир чунин будааст. Вагарна ёри вафодорашро ногаҳон кушта, ҳама ғами бачаҳои ҳанўз ширмаки онҳоро ба гардани як худи вай бор намекарданд. Умуман вазнин аст ҳаёти номаш даранда. Қир мешавад аз дасти одамизод.
Вале то тўъмаи тир гардидан ҳам... ҳеҷ нест, ки шикамашро муддаои табъ сер карда, осуда нафас гирад, ба хоби роҳат равад. Доимо дар банди тарсу таҳлука... Рўзи гург-ку аз азал тамоман сиёҳ. На танҳо вай, модагург, балки кулли гургони олам якумр гирифтори азобанд. Аз он соате ки калон шуда – ҳамон ҳам бахт агар мадад карда, ба дасти душмани мудоми худ наафтанд, – нахустин маротиба ба шикор мебароянд, маҳкуми марганд. Тири ҳалоҳил дар паси ҳар сангу бутта, ё шаху пушта ҳатман интизор аст онҳоро...
Лекин рост мегўянд: гург бояд аз пояш миннатдор бошад.
Агар табиат ба вай чунин пойҳои бақувват намедод, агар дилу шуши вай ба ҳама гуна таъқибу маҳрумиятҳо тобовар намебуданд, кӣ медонад дар ин дунёи пуразоб ҳолаш чӣ мешуд? Панҷ рўз пеш модагургро маҳз пойҳои бидаваш аз марги ногузир халос карданд. Аммо ҳамдаму ҳамсафари вай, падари ғамхори бачаҳояш, ки порсол, дар авҷи тирамоҳ, ба як гўши хунолуди шояд саг ё гург хоида аз куҷое нохост пайдо шуда, сарвари галаи онҳоро дар ҷанги тан ба тан мағлуб ва ҳатто маҷрўҳ карда, модагургро ба худ бурда буд, оқибат аз дасти одамизод ҳалок гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё