МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
...Онҳо дар муддати қариб се моҳ ба сари рама-рама бузу гўсфандони пушти ҳамин кўҳҳои душворгузар тохта, чўпонҳоро аз қаҳру заҳр ва ноилоҷӣ девона мекарданд. Ғазаб – пас аз он ҷанги хунин ба сарвари гала модагург чунин ном дода буд ба вай – гурги борондида, батадбир ва нотарс буд.
Ҳамсари худро як дафъа дар ин чарогоҳ ба шикор барад, дафъаи дигар ба чарогоҳи дуртар мебурд. Ва ҳамин ки чўпони чанд гўсфандаш боре талафшуда даҳ-дувоздаҳ рўз пас осуда гардида, ҳушёриро аз даст медод, боз ба вай ҳуҷум меовард. Шабеҳи балои осмонӣ ногаҳон ҳуҷум меовард Ғазаб ва баъд... Ба як имои вай модагург низ ҷонваронро газидаву дарида, пора-пора гўшти гарму хунолудашонро ба дандонҳои тези худ ғарч-ғарч кандаву фурў бурда, то ҳамлавар шудани чўпону сагони аксар тарсу дар ғавшод ё чарогоҳ чунон маҳшаре барпо мекарданд, ки мислашро эҳтимол ягон гурги ин музофот надидааст.
Сипас мегурехтанд онҳо; фарёди чўпону ак-аки сагони ў ва садои тири камону бўи тези борутро қафо партофта, ҳай мегурехтанд!
Ва ниҳоят ҷон ба саломат бурда, баъди як-ду рўзи фароғат дар дигар чарогоҳи домани кўҳ ба шикор мебаромаданд.
Баъзан сари қадам ягон гави пешомада ё байтали ба тойчааш раҳгумзадаро ҳам миёнагир карда, хуб азоб дода, медариданду мехоиданд. Ва шикамашон сери сер, хушу хурсанд шуда, чун барқу бод ба сўи манзили худ метохтанд. Гоҳо тоб хўрдаву гардани якдигарро ба навозиш ва беозор газида, ёнаву ёлаҳоро гўё парида мегузаштанд.
Ғазаб гурги баақл буд: ўро ҳамеша аз хавфу хатар эмин медошт – дониста ба шикор мебурд, дониста бозпас меовард.
Алалхусус ҳушёрӣ ва ҷасорати вай дар ҳар ҳолат қуввати дил мешуд...
Бале, ҳамин тавр буд!
Аммо тохтутози беҷазо, мастӣ ва шикамсерии модагургу Ғазаб дер давом наёфтанд. Аз чашмгуруснагиву бераҳмӣ ба лаънати фалак гирифтор шуданд магар, ки бахт аз онҳо ғафлатан рўй тофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё