МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ва аз ин модагург рўҳу тавон гирифта, боз ҳам чолоктар метохт.
Нохост ҷонвар як рўй тофта, бедиранг дид, ки гургафкани зард ва аз пушташ ду саги дигар низ ба онҳо наздик мешаванд. Модагург гашта ба пеш нигарист ва ҳамоно чашмаш ба чўпони сеюм афтид: вай дар фарози теппа истода, аз паҳлуи харсанги то нисф ба хоку сабза фурўрафта онҳоро ба нишон мегирифт. Ғазаб ҳам ўро дида, модагургро нихта кард – яъне ки ба ин тараф! – ва теппаро чап дода, худро ба як нишеби тўлонӣ зад.
Онҳо пас аз қадре мавзеи пур аз лою буттаҳои паканаи хордорро гузашта, ба ёнаи сангзор баромаданд. Сагҳо ин дам аз байни паттаҳои ҳамон обканд метохтанд. Он ду чўпон қариб ба канори нишеб расида буданд. Сеюмӣ акнун аз пушти харсанги болои теппа тир мепаронд. Ғазаб модагургро ба фукаш сахт тела дода, як ба қафо нигарист; лаҳзае, фақат лаҳзае аз тохтан бозистода, ба дарки ғолибият нигарист, ки онҳо – душмани дупои кулли ваҳшиёни олам ҳоло се нафар бошанд ҳам, дар даст тиру туфанг дошта бошанд ҳам, сагҳояшон низ дар қасди ҷони ў ва модагург девона шуда, ин қадар ба таъқиб гирифта бошанд ҳам... вай ана, оқибат халос хўрд, ёрашро сиҳат-саломат аз ҳалқаи марг берун кашид.
Бале, дар тасаввури модагург ба чунин андеша ва ғолибона ба қафо нигариста буд Ғазаб!
Вале ҳайҳот... нигаристу худи ҳамон дам боз садои тир ба атроф ғулғула андохт. Ва баробари он Ғазаб ба тамоми вазнаш дар тобасанге бархўрда, ҷандала кард, ки гашта ба по хезад. Аммо натавонист; хеле зўр заду ҳатто фукашро аз замин канда натавонист. Модагург, ки ҳоло аз вай чанд қадам дур рафта буд, як қад парида, таққӣ дар ҷояш истод ва аҳволи Ғазабро дида, зуд қафо гаштан хост...
Сагҳо аз буттазор берун омада, онҳоро ҳамчунон дунбола мегирифтанд. Чўпонҳо низ ба обканд нишеб шуда буданд.
Ғазаб аз модагург чашм наканда, боз як бор зўр заду ниҳоят аз ҷой хест ва дандонҳои мустаҳкамашро сафед карда, ба ҳамин ишора намонд, ки вай қафо гардад. Лекин ду қадам напартофта, номурод ба рўи сангҳои сард афтид. Афтиду сахт мингос зад; гўё ба модагург мегуфт, ки наист, гурез! Гурез, ки бачаҳоямон танҳоанд, ман худам илоҷамро меёбам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё