Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як тарафи сару гарданаш ғарқоби хун буд!
Ҳамин вақт боз тир андохтанд. Ва он аз пеши фуки модагург ҳуштаккашон парида гузашту дуртар аз вай ба ёнаи сангин бархўрда, садои гўшхарош баровард. Ғазаб дар азоб ба ду пои пешаш такя карда, мағрур сар бардошт ва аз нав мингос зад. Яъне ки кори ман шуд, ту зинҳор наист, гурез, тезтар гурез...
Гургафкани зард ахир ба вай расиду дар як ҷаҳидан ҷисми бемадорашро сахт ба замин пахш кард. Ду саги дигару чўпонҳо низ торафт наздик меомаданд. Хашмгин буданд махлуқони дупо! Аз даранда ҳам бадтар... Яке аз онҳо боз тир кушод. Вале модагург, аз ғояти раҳму шафқат ҳама вуҷудаш сўхта, худро сари вақт дар паноҳи буттаи заранг гирифта буд. Сипас вай тоб хўрда-тоб хўрда, даҳонаш воз, аз байни харсангҳои пасту баланд рўболо давид. Ноилоҷ монда буд модагург – ҳазор бор хоҳад ҳам, вай акнун ба Ғазаб ёрӣ дода наметавонист. Яқин мурда буд пуштибонаш, падари ғамхору меҳрубони бачаҳояш...
Ҷонвар гирист. Ҳа-а, оқибати дунёи домангир ҳамин...
Бе гумон мурда буд Ғазаб. Бинобар ин модагург, пистонаш пур аз шир, медавид; то ҷон дошт, ҳаёҳуи чўпонҳову ак-аки сагони бераҳми онҳоро қафо гузошта, забонаш овезон, медавиду медавид.
Ниҳоят, пас аз соате, вай ба ғори васеи камари шах, ки он ҷо бачаҳояш танҳо монда буданд, оҳиста сар халонд. Пеши ғорро арчаҳои баланд аз чашм паноҳ мекарданд. Модагург, пойҳояш аз бемадорӣ дир-дир ларзида, базўр меистод. Вай ба се бачаи гушнааш дар ҳасрат як дам назар дўхта, ба замини дар ҳар ҷо-ҳар ҷояш устухонҳо парешон ва рутубатнок дароз кашид. Дароз кашиду чашмонаш пур аз ашк, хўроки ба ин қадар азоб дар шикам овардаашро хуб зўр зада, дар пеши онҳо қай кард.
Гургбачаҳо ба лўнда-лўнда гўшти гарм ва ҳанўз сурх ҷонсарак дарафтода, ҳамдигарро тела медоданд, мегазиданд, китф мезаданд, меғелиданд... Дар банди нафси худ буданд онҳо; на ғами хастагии модар доштанд, на парвои барнагаштани падар! Байни ҳам талош карда, садоҳои норизоӣ бароварда, ҳай насиба мегирифтанд; насибае ки дар ивази ҷони падар омадааст.

пешина
аз 551
навбатӣ