Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай хурсанд шуд. Аммо ин гоҳ аз куҷое ба димоғаш дубора бўи оҳану одам нишаст. Ва ҳамоно гум шуд. Чӣ бало, ҷараёни бод аз нав тағйир ёфт магар?.. Модагург тарсид. Хаёлаш, ки ўро ба иҳота гирифта, аз ҳар ҷониб тир мекушоянд. Кабк ҳам фаромўш гардид. Азбаски ҳоло фақат дар ғами ҷони худашу бачаҳояш буд, вай ҳисси шомаашро қариб аз даст дода, тозон ва тахминӣ ба роҳ даромад.
Бод, сабук бошад ҳам, дар ҳақиқат чаппаву роста вазида, ҷараёнаш зуд-зуд тағйир меёфт. Аз ин рў модагург надониста монд, ки пас аз фурсате чӣ тавр ба як пайроҳаи васеъ баромад. Ва худи ҳамон нафас боз, ин дафъа аз наздик, бўи одаму оҳанро ҳис карда, дар ҷояш шах шуд. Вай аввал ба паҳлуи рост ва баъд оҳиста ба паҳлуи чапаш назар давонда, чанд саворро дид, ки ба ҳамин тараф меомаданд. Модагургро даҳшат гирифт. Вай як лаҳза гашта ба қафо ё ба пеш задани худро надониста, акнун ба арчазори муқобил ҷастан мехост, ки кадоме аз онҳо:
– Гу-ург! – гўён дар таҳлука овоз баровард – Ғуломҳусайн буд ў – ва ҳамоно садои тир баланд гардида, пиндор гўши модагург кар шуд. Рони чапаш ҷизосзанон сўхта, дар машомаш бўи хуни гарм нишаст. Гўё аз болои сараш, аз осмон мехамбид ин бўй...
Усмон Азиз, ки дар қайди андешаҳои нохуш монда, модагургро надида буд, як қад парида, аввал ба Ғуломҳусайн нигарист. Аммо вай... Вай ин дам нишон гирифта, аз туфанги ангилисӣ боз тир кушодан мехост.
– Бас акнун! – гуфт Усмон Азиз, аз беғамии ў қаҳраш омада.
Баъд чашмаш ба модагург афтид, ки як пояшро кашола карда, дандонаш дар васвасаи қасос гиз, худро ба арчазори канори пайроҳа меандохт. Аз ҳоли зори даранда дили Усмон Азиз андак таҳ кашид. Вай ин хел набуд. Кӣ медонад? – дандонҳои тез ва саросар сафеди модагург эҳтимол ба ў фаҳмонданд, ки ҳар бадкирдорро хоҳ-нохоҳ ҷазои сазовор дар камин аст.
Вақте ки пештар рафта, аз болои хуни дар пайроҳа рехтаи ҷонвар мегузаштанд, Усмон Азиз:
– Ту сирф ғарча будаӣ! – гуфт, Ғуломҳусайнро дар назар доштаву ба ў нигоҳ накарда.

пешина
аз 551
навбатӣ