Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– О гу-ург вай, – ғурунгид тирандоз, дар ҳолате ки акнун туфангаш дар китф ва дегча барин каллаи калонаш хам буд. – Па-а-ронда-ам...
– Маҳмаддоноӣ накун, – гуфт Қурбон ба оҳанги насиҳат.
Ва Ғуломҳусайн гунаҳкорона хомўш монд.
– Гург ҳам аз паи ташвиши худаш. Шояд дар ғами ягон қути лоямут гашта бошад, – гуфт пас аз каме Усмон Азиз, ки ҳоло қаҳраш фурў менишаст. – Ғайр аз ин... ту ба шикор набаромадаӣ, ки ба ҳар дарандаву парандаи ростомада тир андохтан гирӣ. Рафту дар ин атроф сурхҳо мавқеъ гирифта бошанд; рафту садои туфангро шунида, дар қасди ҷонамон шаванд... Ё ту наметарсӣ?
– Та-авба ка-ардам, – гуфт Ғуломхусайн, ки сараш ҳамчунон хам, пеш-пеши Қурбону аз дунболи Усмон Азиз асп меронд.
– Ту чанд бор тавба мекунӣ?
– Охи-ирин бо-ор...
– Ёд дорӣ, ҳангоме дар наздики Ҳисор муроҷиатномаи кофиронро ба лашкари ислом аз дастат кашида гирифтам, низ тавба карда будӣ.
– Ди-игар такро-ор на-амеша-авад.
– То метавонад, одам бояд вазнин бошад.
– Ро-ост...
Бо ҳамин хомўшӣ ба миён омад. Дар пайроҳаи каме лой, ки аз мобайни арчазори дар ду тараф чун девори сабз қадафрохта каҷу килеб тўл мекашид, танҳо садои суми асп ба гўш мерасид. Қурси офтоб хеле баланд шуда, ба гулу гиёҳ, сангу шах ва буттаву дарахтони кўҳсор гармӣ мебахшид. Албатта ба ҳама пайкари зинда низ... Аммо дар фарози қуллаҳои муқобил абрҳои сиёҳ лангар андохта, оҳиста-оҳиста поин мехазиданд. Ва ҳар қадаре ки саворон пеш мерафтанд, шамол бўи боронро ҳамон дараҷа бештар меовард.
«Дар баландиҳо бе шубҳа шохборон меборад», – аз дил гузаронд Усмон Азиз ва дар тўли даҳ соли ахир бори чандум буд, ки – садум бор, ё шояд ҳазорум... – аз ноҳинҷории тақдири бади худ боз ба андеша рафт. Дурусттараш, ин фикру хаёлҳои тира, пас аз он ки Ҷалолро дар болои деҳаи Сияҳбед паронд ва баъд секаса ба роҳ даромаданд, монанди табларза ногаҳон бедор шуда, тадриҷан ҳама вуҷудашро дар қабза кашида буданд.

пешина
аз 551
навбатӣ