Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ҳамин тариқ Соқӣ ба тақдир тан дода, ба дари хонаи тағояш хизматгор шуда монд. Ў акнун ба ҷои парасторию навозиш коҳишу ҳақоратҳо мешунид, ҳатто кор ба ҷое расид, ки ўро «сағира» гуён таҳқир мекарданд. Бо ҳамин аҳвол рўзҳо пайи ҳам мегузаштанд.
Ин кўфту куллўхҳои зиндагӣ рафта-рафта чашми ўро мекушоданд. Неку бади зиндагиро оҳиста – оҳиста сарфаҳм мерафт. Рўзе яке аз дўстони бисёр наздики падараш, Муллошариф, ки як вақтҳо Соқиро лаҳзае аз китфаш ба замин намегузошт, ўро дар кўча дида рўяшро ба тарафи дигар гардонду рафт. Соқӣ гумон кард, ки эҳтимол Муллошариф ўро надидааст. Ду-се маротиба амаки Муллошариф, гўён ҷеғ зад, вале амаки азизаш эътибор надод. Ин ҳодиса ба Соқӣ таъсир кард, гўё касе сатили оби хунукро ба сараш рехт.
Бегоҳӣ ин воқеаро ба модараш гуфт. Модар ашки чашмонашро пок карду «балам, ту ҳоло ҷавонӣ», гуфт.
Баъдтар ана ин гуфтаи бузургонро мефаҳмӣ:

Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ.

Писарам, меҳнату ғайрат карда ҳамин ки ҷои падаратро гирифтӣ, боз ин хел косалесҳо пайдо шудан мегиранд. Афсўс, ки дар зиндагӣ дўстони ҷонӣ кам мешаванд, балам. Кошки ба ҷои ин нобакорон дўстони ҷонӣ зиёд мешуданд. Ин тағоҳоят ҳам худобехабарӣ карда истодаанд. Илоҷ карда имсол зимистонро мегузаронӣ, ҳамин ки баҳор шуд, ба хонаи падарат, ба назди амакҳоят меравем. Амакҳои бадавлати хуб дорӣ.
Баҳор буд, замину замон ғарқи гулу гиёҳ, аз нури офтоби баҳорон аз қуллаҳои кўҳ, аз дараҳо барфҳою тармаҳо об шуда дар шуои офтоб монанди нуқраи хом печутоб хўрда ба доманаҳои кўҳ ҷорӣ мешуданд. Аз дараву теғаҳои кўҳ садои гўсфандҳо ба гўш мерасид.
Соқӣ дар теғаи кўҳи Мунданўл дар болои тахтасанге нишаста бо ҷўраҳояш чукрию торон хўрда, ғарқи тамошои табиати ҳаззоранг буд.

пешина
аз 163
навбатӣ