Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўзе аз рўзҳо тағоҳо омаданду маслиҳати ба қишлоқи худашон кўчонда бурдани Соқию модарашро ба миён гузоштанд. Ҳарчанд ки модари зор (аз афташ кирдорҳои ношоистаи бародаронашро нағз медонист) ба ин маслиҳат розӣ нашуд, бародарҳои айёр ба норозигии ў аҳамият надода, маҷбуран ҳама чизу чораи меросиро ба аспҳо бор карданду шабона онҳоро кўчонда ба қишлоқи худашон бурданд.
Соқӣ аввалҳо дар манзили нав – дар хонаи тағоҳояш монанди пештара чанд рўзро гузаронд. Баъд аз ду-се моҳ тағои калонаш ўро ба назди худ ҷеғ заду гуфт: « – Ҷиянам, мулло Соқӣ, акнун бўзбала шудаӣ, пагоҳ ҳамроҳи ҷўраҳоят ту ҳам шер барин гўсфандҳоро ҳай карда ба Кўли сафедорон бару чаронда биёр. Аз бекорӣ кадукорӣ гуфтаанд. Бегоҳирўз бо ҳамроҳи ҷўраҳоят барои модарат камтар ҳезум гирифта мебиёрӣ».
Соқӣ, ки ғайр аз хўрдану даву тозу бозӣ кори дигарро намедонист, аз ин супориши ногаҳонӣ ҳайрон шуда монд. Ў чизе нагуфта бо ашки резон ба назди модараш омад ва амри тағояшро арз кард. Модар Соқиро ба оғўш кашида, аз сару рўяш бўсиду дилбардории зиёде кард.
Пагоҳии ҳамон рўз Соқиро тағояш барвақт аз хоб бедор карду аз қафои гўсфандон ба Кўли сафедорон равон кард. Имрўз дар ҳаёти Сокӣ дигаргунии бузурге ба амал омад. Ў аз пайроҳаҳои гўсфандрав монанди дигар бачаҳои қишлоқ гузашта натавониста, ба поён ғелида мерафт. Пойҳои нозукаш обила карданд. Ба ҳоли зори ў баъзе бачаҳои шум механдиданд ва баъзеашон раҳм карда, ба ў ёрӣ медоданд. Хулоса Соқӣ аз санҷиши нахустини рўзгор бо дасту пои хуншор бегоҳирўз ба хона, ба назди модараш баргашт.
Дилдорию меҳрубонии модар алами ўро зиёд мекард.
Ин бегоҳ аз гулўяш чизе нагузашт, чаро ки гиря гулўгираш мекард. Пас аз ин воқеа Соқӣ як ҳафта касал шуд. Ғайр аз модар на тағо, на ёру дўстони падараш, хабар гирифтан он тараф, ҳатто суроғ ҳам намекарданд.

пешина
аз 163
навбатӣ