ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Дид, ки дар кўчаҳои қишлоқ торафт бесаранҷомӣ ва даву този мардум зиёд мешуд. Фурсате нагузашта се – чор савораи милтиқдор дар наздашон пайдо шуд. Дар байни ин саворон Муҳаббат командирро шинохтанд.
Муҳаббат командир ба бачаҳо хитоб карда, «бачаҳо, зуд хезед, гўсфандҳоятонро ҳай карда ба қишлоқ фуроед» гуфту ба тарафи ағбаи Лояк баромада рафт.
Вақте ки Соқӣ ба хона баргашт, дид, ки дар рўи ҳавлӣ тағоҳояш чизу чораҳоро саросема ба аспҳо бор карда истодаанд. Ин ҳолатро дида ба воҳима афтиду давон ба тарафи хоначаи модараш рафт. Модараш бо ранги рўи парида бўғчаи дар дасташ бударо ба як тараф гузошту Соқиро ба оғўш гирифт.
– Хайрият, ки соқу саломат омадӣ, ана писаракам, боз шўру ғавғою гурезогурез сар шуд. Хонаи ин аламонҳо сўзад.
– Модарҷон, чӣ гап шуд? Тағоҳоям боз ҷанг кардаанд? Чаро гиря мекунед?
Модар ба саволҳои паиҳами Соқӣ ҷавоб надода, дасти ўро гирифту ба рўӣ ҳавлӣ баромад. Дид, ки бародарҳояш рахти сафарро бастаанд, бародари калонӣ ба бародарони хурдӣ хитоб карда: – Эҳтиёт кунед, аз фалон роҳ равед, аз чизу чора бохабар шавед.
Дар Чормағзи девлох ё дар Калпи Наврўз ҷой гиред! – мегуфт. Гашти пешин аз ҳавлӣ баромада аз қафои улаву гову мол ба ҷои муқарраршуда раҳсипор шуданд.
Дар роҳ аз гап-гапи мардум оҳиста-оҳиста ҳодисаи ба Ғарм лашкар кашидани мири Масчоҳ, муҳосира ва қалъабанд кардани аскарони сурх ба Соқӣ маълум шуд.
Дар муддати панҷ – шаш рўзи гурезагӣ хабарҳои аҷибу ғариб дар Девлох паҳн мешуд. Баъзеҳо аз қишлоқ омада мегуфтанд, ки подшоҳи Бухоро ба лашкари бегарони Фарангу Рум аз сарҳад гузашта Душанбею Дарвозро гирифта, пагоҳ не, фардо ба Ғарм мерасидааст. Баъзеҳо мегуфтанд, ки мири Масчоҳ дар сари кўҳи Мунданўл хайма зада даъво мекардааст, ки агар Нусратулло Махсум омада дар наздам калима арза карда, аз сари нав мусулмон нашавад ва пойандоз андохта аскар ва қўрхонаҳояшро бо ду дасти адаб насупорад, хоки Қаротегинро дар элак бехта бо тўрбаҳо ба Масчоҳ мебарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё