Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд аз се рўз хабари тозаеро оварданд, ки аз тарафи Ҷиргатол ба воситаи ағбаи Олой бо ёрии аскарони сурхи қалъабандшудаи Ғарм ба воситаи Сурхоб бо талҳо аскари бисёре дохили Ғарм шудааст.
Субҳидами рўзи дигар нохост ба ҳуҷум гузашта бо аввалин тири тўп қўрбошии номдори мирро ҳангоми фармон доданаш чунон задаанд, ки аз осмон парчапарча гўшт ва либосҳои қўрбошӣ ба рўи мир афтодааст. Мир аз ин ҳол завқ карда гуфтааст: занед, кофирро! Валлоҳ, ки тираш тамом шуд, ба ҷои тир ба тўпаш гўшту латта андохтааст.
Нақл мекунанд, ки вақти гурезогурез яке аз саркардаҳои мир саросемавор худро ба болои зин гирифта аспро қамчин мезанад, асп бошад гирди сафедор давр задан мегирад. Саркарда даст ба гиребон бурда: «Алҳамдулиллоҳ қисмати шумро бинед, ки асп аз ҷояш намеҷунбад» гўён калима арза мекунад.
Ҳозирон ба ҳоли ў ханда карда мегўянд: «Ҷаноби сипоҳ, аввал ҷилави аспро кушоед…».
Худи ҳамон рўз лашкари мири Масчоҳ торумор карда шуд. Дар Қаротегин сулҳу осоиштагӣ аз нав барқарор гардид. Баъд аз ин воқеа Соқӣ боз муддате дар хонаи тағоҳояш ҳамроҳи модар машғули хизмат буд.
Рўзе Соқӣ аз сари кишт барвақттар ба хона баргашту шасту тўрро гирифта ба шикори моҳӣ рафт. Дар бозгашт ба Сари ришқа ном ҷой, ки зич дарахти сафедору олуча дошт, марди баландқомати мўйлабноке аз байни дарахтзор як намудор шуду дар як чашмпар ғайб зад. Соқӣ бисёр кўшиш кард, ки ўро дубора бинад, кӣ буданашро донад, вале ба ў муяссар нашуд.
Минбаъд Соқӣ ин одами ношиносро гоҳо танҳо, гоҳо ҳамроҳи тағои калониаш медид.

пешина
аз 163
навбатӣ