ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Дар охир ҳамин марди ношинос сабабгори ронда шудани Соқӣ аз даргоҳи тағояш гардид.
Соқӣ ба таъкидҳои ҳазорбораи тағояш гўш накарда, аз пайдо шудани ин шахси ношинос ба ҷўрааш Ҳоҷӣ, ки бародарзодаи Муҳаббат командир буд, нақл карда, таъкид намуд, ки ў низ ба касе нагўяд. Чунон ки гуфтаанд: забони сурх сари сабз медиҳад барбод. Баъд аз кушодани ин роз қариб, ки бечора Соқӣ аз сараш бенасиб шавад. Аз афти кор, Муҳаббат командир, аз рўзҳои торумор шудани лашкари мири Масчоҳ ин ҷониб дар ҷустуҷўи ҳамин шахс, дасти рости мири Масчоҳ, Ҳомид қўрбошӣ будааст. Вақто ки бародарзодааш Ҳоҷӣ дар қишлоқашон пайдо шудани марди ношиносро ба акоаш хабар медиҳад, субҳидам ҳамон рўз Муҳаббат командир бо отрядҳояш ҷангали Сари ришқаро печонда, Ҳомидро дастгир мекунад.
Модари Соқӣ аз нияти бади бародари калониаш дар ҳаққи Соқӣ пай бурда, як шаб бо дили бирёну ашки резон дасти Соқиро гирифта бегумон ғайб мезанад.
Соқӣ ду амак дошт, ки яке мударрис ва дигаре деҳқон буд. Амаки мударрисаш Муллоазиз сардори хоҷагӣ буд, ў фақат ба гирифту мони майдасудаҳои рўзгор машғул мешуд., гоҳо аз масъалаю масоил дарс ҳам медод.
Муллоазиз, агарчанде даҳ – понздаҳ сол дар Бухоро таҳсили илм карда буд, дар навиштани хат душворӣ мекашид, хатҳои палмаку чалмақ навиштаашро ҳиҷҷа карда, базўр мехонд. Ў ният дошт, ки Соқӣ мулло шавад. Бинобар он, Соқиро ба хондани китобҳои тасаввуф маҷбур мекард. Баъзан худаш ба ў дарс медод.
Соқӣ, ки бо ёрии модараш каму – беш саводхон шуда буд (модараш асарҳои Ҳофиз, Ҷомӣ ва Бедилро босаводона ва беғалат хондаву маънидод мекард, ки Соқӣ низ беғалат хондани китобҳоро ёд гирад), баъд аз чанд сабақ дарс фаҳмид, ки амакаш асарҳои клласиконро ғалату сакта хонда, ҳатто нодуруст маънидод мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё