ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Бинобар ин, ба саллаи калон ва муллоии амакаш бо шубҳа менигарист. Кўшиш мекард, ки бо баҳонае аз дарсҳои ў халос шавад. Аз ин сабаб борҳо дучори шаллоқҳои обдори амакаш гардида буд.
Модари Соқӣ ҳис мекард, ки писараш бегуноҳ шаллоқ мехўрад, вале чӣ илоҷ? Бечора модар дастнигар буд.
Хуб медонист, ки Соқӣ зеҳни тез дорад. Ҳар чизеро ки як бор мешунавад, дар лавҳи хотираш нақш мебандад.
Гуноҳи Соқӣ танҳо дар шўхӣ ва бесарию кунҷковии ў буд.
Як пагоҳ амаки Соқӣ фармуд, ки ў шеъри Ҳилолиро аз ёд кунад ва «беғалат» ба тарзи таълими амакаш хонда диҳад.
Муллоазиз матлаи ғазалро чун намуна қироат кард:
Агар чун хоки помолам кунӣ, хоки дарат гардам,
Агар чун гирд барбодам диҳӣ, гирди сарат гардам».
Баъд илова кард: – Акнун то масъалаву масоилхон шуданат рафта дар назди муллои қишлоқ хон, ҳамин ки қироат карданро ёд гирифтӣ, худам аз масъалаву масоил ба ту дарс медиҳам.
Бегоҳ Соқӣ ба модараш хабар дод, ки ў аз пагоҳ сар карда, дигар дар пеши муллои қишлоқ мехондааст ва шеъри Ҳилолиро, ки ду мисраашро амакаш ёд дода буд, ба модараш хонда дод. Модараш завқ карда хандиду пас аз ислоҳ кардани мисраъҳо гуфт:
– Ҳайфи умри дар Бухоро барбод рафтаи амакат!
Хайр, писарам, ҳарчи ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад. – Ҳар чизе ки пеш ояд, бо ҳам мебинем, гуфтаи амакатро кун.
Пагоҳии рўзи дигар Соқӣ, аз рўи одат, якта нони фатир ва камтар ҳезум гирифту ба мактабхонаи қишлоқ ба пеши мактабдор рафт.
Хоначае, ки аз дуд сиёҳ шуда, аз шифташ дудаҳо чун тори анкабут овезон буданд, бештар ба аловхонаи кўҳна шабоҳат дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё