ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Дар болои пахол бачаву духтарҳо чорзону зада ғурғуркунон ҷунбида менишастанд.
Мактабдор дар гўшае адабчўб дар даст бо чашмони нимпўш дар сукут буд. Аз мактабдор дида, ў бештар ба кўкнорӣ монандӣ дошт. Вақте ки Соқӣ дар дами дар салом дода рост меистод, мактабдор сарашро боло кард.
– Ҳа, додарзодаи Муллоазиз, омадӣ? Биё, ҳезуматро ана он ҷо мону нонатро ин ҷо биёр, худат гузашта ҳо ана дар паҳлўи Бибимаҳҷон нишин.
Пас аз андак хомўшӣ боз баробар ба такрори сураи хонда истодаашон шурўъ карданд.
Мактабдор мисли пештара боз пинак рафт.
Соқӣ ҳайрон шуду чӣ кор карданашро надониста ба ғур – ғури бачагон ҳамроҳ шуд.
Ҳамин тариқ чанд рўз гузашт.
Боре мактабдор ба ҷои муқаррариаш дар ҳолати нимхобу нимбедор нишаста буд. Ногоҳ шогирде пишакашро сахт пишт гуфт. Мактабдор яққад парида:
– Ё ҳувв, пиш, ё ҳивв… – гўён аз ҷояш хесту чойнаку пиёлаи дар болои сандуқ бударо ба замин зада шикаст, пахолҳоро ба ҳар тараф пош дода, «пишто ё ҳувв пишто» – гўён рў – рўи хона давид. Ва боз «ё ҳув, ё ман ҳув» гуфта чанд бор гирди худ чарх заду дар пойгаҳи хона дароз афтид.
Шогирдҳо пиқ – пиқкунон даҳонашонро дошта паси ҳам аз болои домулло парида аз дар берун мешуданд.
Танҳо Соқӣ, ки аз ҳайрат шах шуда буд, ба рўи мулло менигарист. Овози ҳайбатноки зани мактабдор ногоҳ ўро ба ҳуш овард.
Ҳамин ки занак дохили мактаб шуду чашмаш ба чойнаку пиёлаи шикаста афтод, доду фарёд бардошт:
– Вай, хонаи пири туро девона кардагӣ даргирад.
Кошкӣ ҷазмат нагирифта мемурдию ин чойнику пиёларо намешикастӣ. Охирин ёдгории падару модарамро нобуд кардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё