Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Доду бедоди зани мактабдор Соқиро бештар ба ҳайрат мононд, Соқӣ фикр мекард:
– Наход чойнику пиёла аз мактабдор қиматтар бошад. Чаро аз ҳоли мулло хабар намегирад? Чаро ўро намебардорад?
Дар ҳамин дам чашми занак ба Соқӣ афтоду «хуб ҷои тамошоятро ёфтӣ, дафъ шав!» – гўён ўро аз хона пеш кард. Соқӣ давида ба рўӣ ҳавлии мактаб баромад, аз шогирдон касеро надид, аз афти кор, кайҳо ба хона рафта буданд. Соқӣ бо хаёли кушодани ин муаммои сарбаста аз ҳавлии мактаб баромада оҳиста-оҳиста ба сўи хонаашон раҳсупор шуд.
Ҳамин ки Соқӣ дохили хонаашон гардид, амаки деҳқонашро дид, ки дар рўи ҳавлӣ ба бузу гўсфандҳо коҳ андохта, пушту паҳлўи барзаговҳои ҷуфтиро хору мол мекард, ба шохҳояшон аз рўӣ одат равғани зард мемолид. Ин нишонаи наздик омадани кишту кори баҳорӣ буд.
Ҳаво софу беғубор, офтоби аввали баҳор шаъшаапошӣ мекард. Ҳарҷо – ҳарҷо барфтўдаҳои аз бомҳо рўфташуда, аз таъсири офтоб об мешуданд, дар кўчаҳои қишлоқ ҷўйҳо равон буданд. Ғамхориҳои коҳбедаи болои бомҳо, ки барои захираи зимистонии чорпоён ғун карда шуда буданд, баъзан нима ва баъзан аз нима камтар менамуданд. Села – села зоғчаҳо дар пушти гову гўсфандҳо парида мегаштанд. Заминҳои гирду атрофи қишлоқ алочалпоқ шуда буданд. Гала бачаҳо чиллакбозӣ мекарданд. Гоҳо якҷоя суруди наврўзро мехонданд:

Наврўз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,
Мурғони ҳаво ҷумла ба парвоз шуданд,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Баъзе хоҷагиҳои камҳафсала захираи ҳезумро тамом карда, машғули буридани шохҳои дарахтон буданд.

пешина
аз 163
навбатӣ