Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соқӣ ба амакаш салом дода, хост ки ба хонаи модараш равад. Амакаш ўро ба наздаш ҷеғ зада дуру дароз ба рўяш синча карда нигаристу баъд пурсид:
– Ҳа, Муллосоқӣ, мондаҳо, аз мактаб омадӣ? Чаро авзоат беҷо? Магар ягон ҳодиса рўй дод? Ё муллоамакат ҷанг карданд?
Соқӣ баъд аз саволборони амакаш ҳодисаи дар мактаб рўйдодаро ҳикоя кард. Амакаш аввало бо диққат ба суханони Соқӣ гўш дода завқ карду баъд баланд – баланд хандид.
– Ана, барои ҳамин ҳам доимо ба амакмуллоят мегўем, ки умри туро беҳуда зоеъ накунад, аз ин хонданҳои бесару нўк ғайр аз зиён суде нест.
– Хондан чӣ, ба худо ки масхарабозӣ асту халос.
Лекин чӣ кор кунам? Амакмуллои якрави ту ба гапам гўш намекунад. Як рўз ба ў дар бораи хондани ту гапи ҳақро гуфтам, мисол овардам, ки боре гови деҳқоне дар сояи мадраса хоб кардааст. Деҳқон бошад, аз баҳри гов гузаштааст, ки гови дар сояи мадраса хобида дигар кор намеояд. Амакат бошад, ранҷида, то ҳол бо ман дуруст гап намезанад. Набошад сураҳои намозатро ёд гирӣ, бас аст. Худаш бист сол дар Бухоро хонда чӣ шуд.
Илми қофия, фароиз ҳикмат ва мушкилот, хонед як гапе, аммо қориёдкунӣ, масъалаву масоил хондан танҳо хонаи умрро месўзаду халос. Ин гапамро ба раҳматии падарат ҳам гуфта будам.
Рости гап, ки ё ақли ман кам шудааст, ё баъзеҳо аз ақл бегона шудаанд. Масалан ҳамин, мактабдори қишлоқи моро гирем, ки мардум фарзандҳояшонро «устухонаш аз мову гўшту пўсташ азони шумо» гўён ба ў месупоранд. Ҳоло он ки бечора вовро гову алифро калтак мехонад. Вай куҷою мактабдорӣ куҷо. Боз он кас муриди эшони ҷаҳрия будаанд. Худо хоҳад ин хели одамро!
– Муллосоқӣ, ту ҳоло баъзеи ин гапҳоро намефаҳмӣ, писарам! Биё дар ин офтобрўя камтар шинем, аз бекорӣ кадукорӣ, баъзе воқиаҳоро ба ту ҳикоя кунам:

пешина
аз 163
навбатӣ