Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чанд сол пеш аз ин, писарам, як эшони ҷаҳрия аз тарафҳои тумани Пунбачӣ ба қишлоқи мо рафтуомад дошт, ҳатто аз ҳамин ҷо зан ҳам гирифт, баъд чунон кароматҳо нишон дод, ки мондан гиред. Масалан, ҳазрати эшон дар меҳроби масҷид дар ҳолати сукут нишаста, исми шахси ҳанўз дар берун бударо бо назри овардааш муайян карда, дар ҳақи соҳиби назр дуои хайр мекардааст ва хайркунандаро ба паноҳи девонаи Баҳоваддини балогардон месупоридааст. Ин «кароматҳо» сабаби он шуд, ки ҳазрати эшон муриду мухлиси бисёре пайдо карданд, ки аз ин назру ниёз бойтар шуданд ва мардуми қишлоқ гумроҳтар. Аз аҳли деҳа фақат ману боз ду – се каси дигар чун одамони шаккок мурид нашуда мондем.
Ҳар бегоҳи ҷумъа пас аз адои намози хуфтан он кас ҷаҳр барпо мекарданд. Шаст – ҳафтод одам чорзону ҳалқа гирифта баробар бо овози баланд, «ё ҳу, ё ман ҳу» мегуфтанд. Ин аҳвол се – чор соат давом мекард.
Баъзе муридҳои сулукёфта, ки чеҳраашон ба ҷазб мерасид, аз олами ҳастӣ бегона шуда масту лояъқил либосҳояшонро пора мекарданду худро зада хуншор мекарданд. Баъзе фосиқону ҳангоматалаб аз ин фурсат истифода бурда ба ҳолати мастӣ худро дар байни занҳову духтарҳои тамошобин мепартофтанд. Гўё ба воситаи ин сафсатагўию бемаззагиҳо ба ҳақ мерасида бошанд. Муридони ҳақиқии ин маслак бояд ҳамеша дар ҳолати ҷазб, масту аласт ва аз худ бехабар бошанд.
Мана аз ҳамин сабаб дар қишлоқи мо муридҳои дасту по шикаставу маъюб бисёранд. Ана вай мактабдори шумо ҳам аз муридҳои ҳазрати эшон аст.
Агар ҳукумати шўро ин масхарабозиро манъ намекард, аксарияти одамони қишлоқ кайҳо девонаву маъюб мешуданд.
Вақте ки найранги каромати эшон ошкор шуд, он касро халқ сангсор кард. Маълум шуд, ки эшони маккор ба муридҳои муқаррабаш лақабҳои «буз», «гўсфанд», «гов», «ҷома», ва ғайраҳоро мемондааст ва ин муридҳо доим бегумон берун аз масҷид мегаштаанд.

пешина
аз 163
навбатӣ