ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Агар гумон кунанд, дарҳол дохили масҷид мешудааст.
Эшон даррав пай мебурдааст ва даст бардошта дар ҳаққи шахси гов оварда дуо мекардааст, ки назратон қабул шуд ва мардумро бо ин «каромот» моту мабҳут мегардондааст. Ба ҳамин роҳ мардумро фиреб медодааст.
Барои ҳамин ҳам мехоҳам, ки аз баҳри ҳама ин муллоиву эшонӣ гузашта дастаи испорро маҳкамтар дориву деҳқонӣ карда, як бурида нони ҳалол пайдо карда ҳўрӣ. Дар дунё аз деҳқонӣ беҳтар кор нест, ҳамаи ин муллоҳову эшонҳо дастнигари деҳқонанд.
Пас аз шунидани ин ҳикоя Соқӣ ба фикру хаёл ғўта хўрда, ба нуқтае чашм дўхт ва боварии қатъӣ ҳосил кард, ки зани мактабдор аз ин ҳикояи амаки Соқӣ огоҳ будааст.
Вақте ки Соқӣ сар бардошт, дид ки офтоби оламтоб аз паси қуллаҳои сар ба фалаккашида фурў мерафт. Аз шиддати аёс ва шамоли сард замин яхчабандӣ мешуд.
Дуди борики бегаҳирўзӣ аз равзанаи хонаҳо ҷудо шуда худро ба домани фазо мезад.
Дар дили Соқӣ нисбат ба амаки деҳқонаш муҳаббати тозае пайдо шуд.
Имрўз Соқӣ аз зиндагӣ сабақи наве гирифт.
Амаки деҳқони Соқӣ Мирзо ном дошт. Ў марди миёнақади қоқина буд, риши паҳни сафед, рўи гирду чашмони калон дошт. Аз симояш осори меҳрубонии ба худ хосе намудор мешуд. Дастони пурқуввати шахшўлаш дар вақти гап задан ҳамеша ба ҳаракат меомаданд, кафҳои пояш аз сабаби пойлучу пиёдагардӣ кафида танаи дарахти чормағзи пирро ба хотир меоварданд. Марди беором ва серҳаракате буд. Каму беш савод дошт. Қисса гуфтанро нағз медид.
Одатан дар қишлоқи кўҳистон баъд аз ҷамъ овардани ғаллаву дон ва захира кардани коҳу ҳезум барои зимистон ҷои ҷамъомади аҳли деҳ – аловхонаи назди хонақоҳ буд. Дар хонақоҳ намоз мехонданду дар аловхона менишастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё