Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ду-се қадам дуртар аз даромади аловхона ду-се мураббаъметр ҷойро чуқур кофта нағзакак андоза мекарданд. Баъд дар гирду атроф обкаҳу пахол партофта, аз болояш палос меандохтанд. Одамҳо мувофиқи синну сол қабилақабила давра гирифта менишастанд. Ҳар кас ба навбат бегоҳу пагоҳ дар оташҷо ҳезум ғарам карда алав дармегиронд. Он шахс ғами чароғро ҳам мехўрд.
Аловхонаҳо аз дуд сип – сиёҳ мешуданд, ҳатто риши мўйсафедон, шояд аз таъсири дуд бошад, зардчатоб менамуд. Баъд аз он, ки ҳезум сўхта лахча мешуд, лахчаро чошт карда дар атрофи он чойҷўшу чойнакҳоро қатор мечиданд. Агар мабодо касе дар қишлоқ меҳмон шавад, чанд рўзе, ки истад, аспашро ба навбат ба ҳар як хоҷагӣ қўш меандохтанду худашро дар масҷид – аловхона меҳмондорӣ мекарданд. Ҳар кас аз хона мувофиқи ҳол ба масҷид хўрок меовард. Хуллас, ки ҳама маросимҳо дар зимистон дар ҳамин аловхона гузаронида мешуданд ва ҳама чизро мардуми қишлоқ сарҷамъ бо ҳам медиданд. Баъд аз намози хуфтанро хонда ба хонаҳояшон рафтани муллову калоншавандагони қишлоқ, мардуми авом то ними шаб ашўлахонӣ, ҳикояву қиссагўӣ гўрўғлишунавӣ ва ҳар гуна хурсандиҳо мекарданд.
Амаки Соқӣ, Мирзо дар ин шабнишиниҳо аксар аз «Абўмуслим» – у «Амирҳамза» қиссаҳо мегуфт. Рўзона аз тақвими рўзҳо, моҳҳо дар бораи корҳои деҳқонӣ, нек ё бад будани сол ва ғайраҳо нақл карда, маслиҳатҳо медод. Азбаски ў деҳқони шўҳратманд буд, мардуми қишлоқ ўро «Бобои деҳқон» меномиданд. Бинобар он, малиҳатҳояшро бо ҷону дил қабул мекарданд. Ҳатто баъзеҳо мегуфтанд, ки Мирзо хокро ду – се маротиба бўй карда дар он сол чӣ қадар ҳосил додани заминро муайян карда метавонад. Деҳқонҳо аз қишлоқҳои дурдаст вақти сар шудани кишту кор омада аз Мирзо илтимос мекардаанд, ки рафта як мушт донаи аввалинро ба замин пошаду кушоиши кор ҷўяд. Баъзан мўйсафедҳо ҳикоя мекарданд, ки дар теғаи Уштургардан ном ҷой тахтасанги ниҳоят калон будааст.

пешина
аз 163
навбатӣ