ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Мирзо ба рўи ин тахтасанг аз ду-се фарсанг роҳ бо пайраҳа бо ҷувол хок кашонда дар болои он гандум коштааст. Баъд аз он мардум номи онро Тахтасанги Мирзо мондаанд. Мегўянд, ки агар ҳар кас ҳамроҳи Мирзо ба кор тоб овард, дар ҳар як палла кор меояд.
Арафаи наврўз буд. Мактабдор шогирдонро пас аз адои дарс ҷамъ карда гуфт:
– Акнун ба шумо якчандрўза ҷавоб. Лекин овардани ҳаққи маро фаромўш накунед. Аламнашраҳхонҳо албатта сару по ва дигарон мувофиқи ҳол сабақпулӣ оварда бояд маро розӣ кунонанд.
Ҳамин тариқа Соқӣ ва ҷўраҳояш ба таълили наврўзӣ баромаданд.
Чанд рўзи аввал Соқӣ машғули бозӣ шуд. Ў мехост, ки озодона болу пар занад, даву тоз кунад, аз эъҷозкориҳои баҳори ҷавонӣ баҳравар шавад. Вале ин тавр нашуд. Аз як тараф кашидани бори зиндагӣ, яъне ҳамроҳӣ дар корҳои деҳқонии амакаш, аз тарафи дигар муҳаббати Маҳҷони ҳамсабақаш, ки бо як соддагии софу беғаш дар дили ў то рафт чуқуртар реша медавонд, фароғати Соқиро аз миён бурданд. Рўзҳо паи ҳам мегузаштанд. Ҳамроҳи Мирзои девкор махсусан дар шароити кўҳистон ба деҳқонӣ машғул шудан барои Соқии ҷавон вазнинӣ мекард. Ҳар пагоҳ пеш аз кушодани чашми рўз панҷ-шаш фарсанг роҳро тай карда, аз оврингу кўталҳо саночи ҷаву гандуми тухмиро пуштора карда аз қафои барзаговҳои ҷуфтӣ рафтан кори осон набуд. Танҳо оҳи модараш ба азобу дардҳои ў марҳам мешуд.
Як бегоҳ ҷўрааш Асо Соқиро диду гуфт:
– Ҳа, Соқӣ, мондаҳо, аз думи деҳқонӣ тоза ҳам маҳкам доштӣ – дия. Эҳтимол, ту ҳам амакат барин деҳқони номдор шавӣ.
Соқӣ каме хомўш истоду маҳзунона гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё