Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҷўра, дигар чӣ илоҷ, ҷонсахтӣ ва якравии амакамро худат медонӣ, аз чанголи ў халос шудан кори осон нест. Борҳо ҳилаю найранг карда, худро ба касалӣ андохтам, ки ягон рўз шояд ҳамроҳи ту зоғчабозӣ, яхмолак ва хурўсҷангандозӣ кунем, вале ҳеҷ нашуд.
Асо пас аз шунидани шикоятҳои ҷўрааш ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Соқиҷон, парво накун, як ҳилаат нишон медиҳам, ки муфти қурут аз дасти амакат халос мешавӣ. Ҳозир ба хонаатон лангида – лангида раву ҳамин, ки дохили ҳавлӣ шудӣ, «вой, поям, вой, поям» гўю бо ягон рўмол поятро маҳкам банд. Вақто пурсиданд, ки ба поят чӣ шуд, гўй, ки аз болои хар афтидам, поям баромад.
Маро шоҳид нишон деҳ, албатта туро як-ду рўз ҷавоб медиҳад. Ҳамин ки амакат ба кор рафт, мо медонему бозӣ. Ҳамин ки соатҳои омаданаш наздик шуд, рафта хоб куну поятро бардошта нолиш кардан гир. Ба ҳамин тариқ се – чор рўз кайф карда мегардӣ. Магар ин кори бад аст?
Ин маслиҳати Асо ба Соқӣ маъқул шуд ва ҳамон тавр ҳам кард. Субҳидам, вақте ки амакаш монанди ҳаррўза Соқиро аз хоби ширин бедор кард, эҳтимол, нолиши ҷонгудози Соқӣ ба ў таъсир кард, ки дубора чизе нагуфту ба занаш таъкид карда гуфт, ки марҳам карда ба пои Соқӣ бандад. Худаш гавҳоро пешандоз карду танҳо ба кор рафт.
Соқӣ аз ин ҳилаи ҷўрааш ниҳоят хурсанд шуда, пас аз фурсате латтаи пояшро кушода пинҳон карду монанди мурғи дар қафас озодшуда аз хона бадар рафт.
Тамоми рўз ҷўраҳо бо ҳам сайру гашту бозӣ карданд.
Соқӣ тахминан як соат пеш аз омадани амакаш ба хона омада, бо латта пояшро басту ба зани амакаш гуфт, ки апахонаш Сунбул пояшро ба оби гарм тар карда, нағзакак кашида ҷо ба ҷо монда марҳам карда бастааст. Зани амакаш бо шубҳа ба рўи Соқӣ нигоҳ карда:
– Инро ба амакат гўй, ба ман чӣ мегўӣ? – гуфт.

пешина
аз 163
навбатӣ