Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соқӣ лангон – лангон рафта ба ҷои хобаш дароз кашида, каме доду вой карду баъд хобаш бурд. Пагоҳ вақте ки амакаш Соқиро аз хоб бедор кард, ў боз доду войро сар карду пояшро маҳкам дошт. Амакаш гуфт:
– Писарам, кадом поят баромадааст?
Соқӣ пои росташро, ки латтапеч буд, «ана ҳаминаш, амакҷон» гўён дод зад.
Амаки Соқӣ қоҳ – қоҳ зада хандиду бо шўхӣ гуфт:
– Ҳа, фиребгари қаллоб, дурўғ одамро мекафонад!
Дирўз ба ман пои чапатро нишон дода, дод гуфтӣ – ку, ҷувонимарг, имшаб ман латтаро аз пои чапат кушода ба пои ростат бастам. Ту бошӣ, онро баромадагӣ мегўӣ, ҳа коргурези худозада!
Соқӣ аз шарм лаблабу барин сурх шуду аз ҷояш хесту бо сари хам монанди ҳаррўза аз қафои говҳо равон шуд.
Акнун Соқӣ кўшиш мекард, ки тавре аз амакаш қасос гирад.
Як рўз Соқиву амакаш аз кор баргашта шустушў карданду пас нишастанд. Зани амаки Соқӣ Бибихиромон як табақ оши буридаро оварда ба рўи дастурхон гузошт. Амаки Соқӣ ҳанўз машғули нўшидани чой буд, ки Соқӣ пешдастӣ карда, қошуқро пур аз он карду хост, ки якдам фурў барад, аммо нўги забонаш сўхт, ош хеле гарм буд. Соқӣ оҳиста ва бегумон қошуқро ба лаби табақ гузошта, аз дилаш гузаронд, ки ҳарчи бодо бод, худи ҳозир аз амакаш қасос мегирад. Чун амакаш пиёлаи холиро дароз кард, Соқӣ пиёларо гирифта истода ба зани амакаш нигоҳ карда гуфт:
– Очаи Хиромон, ягон бор барои мо хўроки гарм напухтед – дия.
Амакаш бошад, ҳазлкунон «ҳунари очаи ту ҳамин, парво накун, ба наздикӣ ягон кадбонуи нағзашро ёфта меёрам» гуфту қошуқро пур карда ба даҳон рехт. Баъд аз фурсате бо рўи турш ба шифт нигарист, оби чашмаш қатор ба рўи риши сафедаш рехтан гирифт. Соқӣ сир бой надода гуфт:

пешина
аз 163
навбатӣ