ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
– Ҳа, бобо, ин қадар ба шифти хона менигарӣ?
Магар вассаҳоро мешуморӣ?
– Не, васса намешуморам, диданиам, ки кадоме аз ин чўбҳо тобути ту ҷавонмарг мешуда бошад, – гўён оби чашмонашро пок кард ва илова намуд, – ҷавонмарг, аз чашмонат маълум аст, ки оқибат дар сари пирӣ аз дасти ту ба ягон балои ногаҳонӣ гирифтор мешавам.
Мирзоамак бо димоғи сўхта ғур – ғуркунон аз сари дастурхон хесту чўбчаи ба қадри як бурида гўшти шашлики чарбудорро аз ковокии тут гирифта, ба лаби ошдон рафт. Чарбуро дар оташ дошта, ба ҷойҳои кафидаи кафи пояш зер кард. Ҷаз – ҷази чарбу ва бўи равғани сўхта рўи ҳавлиро пур кард. Соқӣ ҳам аз ҷой хесту ба назди модараш рафт ва воқеаи дар сари дастурхон рўйдодаро гуфт. Модари Соқӣ аввал хуб хандиду баъд Соқиро барои ин кори ношоистааш коҳиши бисёре кард.
Соқӣ зоҳиран аз кори кардааш пушаймон шуда бошад ҳам, ботинан «қасосамро гирифтам» гуфта хурсандӣ мекард.
Пагоҳии рўзи дигар пеш аз ба кор рафтан, амаки Соқӣ ба занҳо фармуд, ки пилларо аз дастаҳо нағзакак чида, дар ду сабади калон ҷо ба ҷо карда монанд. Ба Соқӣ гуфт, ки харро аз девлох биёрад. Фардо ҳарду ба туман ба пункти пиллақабулкунӣ мераванд.
Соқӣ супоришҳои амакашро иҷро кард ва ҳатто, вақтро сарфа карда, бо ҷўраҳояш бозӣ ҳам карда гирифт.
Рўзи дигар амаку додарзода ду сабади калони пур аз пилларо ба хар бор карда пеш аз баромадани офтоб ба роҳ даромаданд.
Саҳари серуне буд. Боди форам мевазид. Парчаҳои абри даргузар ҷо-ҷо рўи осмонро пўшида буданд ва гоҳ-гоҳ рўи офтобро аз назар пинҳон мекарданд. Симсим борон меборид. Соқӣ ғарқи тамошои табиати дилфиреб буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё