Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо химчаи дасташ барги буттаҳои ду паҳлўи роҳи аз борон таршударо зада оҳиста-оҳиста роҳ мерафт ва ин сурудро дар зери лаб замзама мекард.

Ҳаво, ҳаво ист, ист,
Бузи калам нест, нест
Бузи кали кабудам,
Дар раҳ мерам меғўтам.
Ҳайфи кўзаи қурутам.

Мирзоамак ду-се бор ба осмон нигариста пай бурд, ки омадани борони сел наздик аст. Ба ташвиш афтода, «канӣ Муллосоқӣ, харро тезтар ҳай кун» гуфт. Аммо ҷавобе нашуд. Ба ақиб нигариста дид, ки Соқӣ хеле қафо мондааст ва баҳазур дар байни буттаҳо қадам мезанад.
– Ҳой фалокат, асло аз бозӣ сер нашудӣ, канӣ тезтар ҷунб, набошад бо ин раҳгардии ту таги борону сел мемонем. Худи имрўз ба хона баргаштан даркор.
Соқӣ яққад парида, аз қафои амакаш давид.
Дар даромадгоҳи туман дарёчае буд. Пулчаи ларзонаке дошт. Ҳар сол борони баҳорӣ ин пулчаро шуста мебурд. Амаки Соқӣ инро нағз медонист.
Бинобар ин, кўшиш мекард, ки ҳарчи тезтар аз дарёча гузаранд.
Вақто ки Соқию амакаш аз ин пулча гузашта дохили туман шуданд, абри тира осмонро тамоман фаро гирифт.
Онҳо пиллаҳоро супориданд. Ба хурсандии онҳо, ҳамаи пилларо ба навъи аъло қабул карданд. Дар ин муддат борони жолаомез бо шиддати тамом рехт, аз кўчаҳо лойобаҳо ҷорӣ шуданд. Дар осмон тиру камон пайдо шуд. Борон ҳам монд. Соқию амакаш хурсандона роҳи қишлоқро пеш гирифтанд.
Аммо хурсандии онҳо дер давом накард. Ҳамин ки ба лаби дарёча расиданд, диданд, ки аз пулча ному нишон ҳам намондааст. Ба умеди он ки ягон саворе пайдо шуда онҳоро аз об гузаронад, хеле интизорӣ кашиданд.

пешина
аз 163
навбатӣ