ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Вале, ба бахти онҳо, ягон аспакӣ пайдо нашуд. Дарёча калон шуда буд. Дукаса харро савор шуда гузаштан мумкин набуд. Бинобар ин, дар лаби об ҳар ду фикр карда, чорае меҷустанд.
Соқӣ ба амакаш гуфт:
– Бобо, як илоҷ аст, дигар ба касе интизор намешавем. Ҳар ду дар ду паҳлўи хар ба сабадҳо менишинем, он вақт хар моро бебало аз об мегузаронад.
Амаки Соқӣ андак фикр карду «о, балочае, фикри нағз ёфтӣ» гуфт. Ҳамин тавр ҳам карданд.
Мирзоамак аввал Соқиро дар як сабад андохту хост, ки худаш ба сабади дигар дарояд, ногоҳ сабади Соқӣ сабукӣ карду ҳар ду чаппа шуда аз болои хар ба замин афтиданд. Амаки Соқӣ хандакунон аз сабад баромаду гуфт:
– Ана ақлу мана ақл, ҳаминро фикр кардем, ки вазни ману ту баробар нест, як кори осонро аз хотир баровардем. Агар дар сабади ту санг андозем, он вақт ҳар ду тараф тарозу мешавад, баъд бемалол мегузарем.
Амаки Соқӣ харро ҳай карда назди баландие оварду сангеро бардошта дар сабади Соқӣ гузошт ва худаш дохили сабади дигар шуд. Баъд «ихе, ҷонвар» гўён харро ба об нарафта ду – се маротиба ҳут – ҳут карду хоб рафт.
Соқӣ бо амакаш моҳии дар тўр дармонда барин роҳи наҷот меҷустанд, об ба даҳону биниашон медаромад.
Агар Соқӣ ҳаракат карда хезад, тарафи амакаш вазнин шуда, дар об меғўтид. Агар амакаш кўшиш карда хезад, Соқӣ ғарқ мешуд. Ба бахти онҳо, хар ба санги калоне такя карду наҷунбида истод. набошад бо як-ду ғели дигар бо оби калон ҳамроҳ мешуданд ва дидорҳо то қиёмат мемонд. Дар ҳамин ҳол ду саворае расиданд ва овози онҳоро аз миёни об шунида, тарсида ба қафо гурехтанӣ шуданд. Вале ҳамин ки аз чигунагии ҳол пай бурданд, пайи наҷоташон кўшиданд ва бо заҳмати зиёде онҳоро ба соҳил бароварданд ва аз кори онҳо дар ғазаб омада, амаки Соқиро хуб сарзаниш карданд, ки «ин – ку бача ба ту мўйсафед чӣ шуд, охир афандӣ ҳам ин тавр накардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё