ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Шумо худатонро бо дасти худ баста ба об андохтаед. Мабодо агар як боронаки дигар мешуд, тўпа – тўғри аз водии Вахш мебаромадед».
Соқию амакаш бо як ҳоли зор ва сару либосҳои обшор харро пешандоз карда, ба сўи қишлоқ раҳсипор шуданд. Амаки Соқӣ дар роҳ аз ғазаб меларзид ва гоҳо аз содалавҳии худ механдид, гоҳ дуокунон гўши Соқиро метофт ва таъкид мекард, ки дубора дигар ҷавонимарги шум, маҳмаддоноӣ карда ин тавр маслиҳат надиҳад ва ин воқиаро ба касе нагўяд. Агар гўяд, пўсташро зинда ба зинда меканад.
Соқӣ ба ҳоли амакаш нигариста завқ мекард ва аз «оббозии» имрўза хурсанд буд.
Бо ҳамин Соқӣ бори дуюм аз амакаш қасос гирифт.
ПАҲЛАВОНИИ МИРЗО
Охирин рўзҳои гандумдаравӣ буд. Дар ин мавсим кўҳистон манзараи дилкаше мегирад. Кўталу кўҳҳо, гандумзорҳои теппаҳои кўҳ ва ҷангалҳо – ҳама якҷоя аз дур ба чашми кас монанди пўсти паланг менамоянд.
Дар ҳар ҷо – ҳар ҷои кўҳсор аз зери қуллаҳо, аз байни ҷангалу буттазор раҳ-раҳи хатҳои зардчатоб то доманаи кўҳ кашола шуда мефуроянд. Онҳо изи шохмолаҳоянд.1 Соқӣ ба амакаш Мирзопаҳлавон дар замини Садбаргҳо машғули гандумдаравӣ буданд. Аз заминҳои гирду атроф ва гандумзори болои кўҳ суруди «яккафарёд» шунида мешуд, ки онро деҳқонон махсусан дар вақти ҳашарҳои гандумдаравӣ мехонданд. Садои суруд Мирзоро ба ваҷд оварда, ғайрати ўро дучанд менафзуд. Ў чунон ғарқи кор буд, ки барои нон хўрдан ҳам вақт надошт. Ҳар гоҳ ки гурусна мемонд, нонеро як даҳон мегазиду боқимондаашро ба дастархон печонида даҳ қадам ба пеш мепартофт, баъд дарав карда – дарав карда, ба ҷои нон партофтааш расида як буридаи дигар мегазиду боз ба пеш мепартофт. Аз афти кор, мехост, ки илоҷе карда гандуми ин заминро имрўз даравида тамом кунад. Вай тамоми рўз сар набардошта ҳамин зайл гандум медаравид.
Соқӣ бошад, ҳар қадар, ки ҷадал мекард, ҳатто ба дарза бастани гандуми даравидаи амакаш фурсат ёфта наметавонист. Вай ҳамаи қувваашро ба якҷо ҷамъ карда, қабзаҳои охирини гандуми даравидаи амакашро мебасту ғанак2 мезад. Мирзо ҳаргиз хастагию мондашавиро ҳис намекард, баръакс аз нек
1 Шохмола – воситаест, ки бо он аз кўҳ гандуми даравшударо мефуроранд.
2 Ғанак задан – бо тартиб рўи ҳам чидани бандҳои гандум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё