Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

омадани сол ва серҳосил шудани гандум ниҳоят хурсанд буд. Мабодо дар ягон гўшаи осмон абре пайдо шавад, бетоқат мешуд. Ба Соқӣ таъкид карда мегуфт:
– Абр қамчини деҳқон аст. Ҳой деҳқон, ҳуш дор, боз нагўй, ки хабардорам накардӣ. «Як моҳ азоби тобистон – се моҳ роҳати зимистон».
Мирзо охирин дарзаҳоро худаш басту ба таги чормағз рафт ва Соқиро фарёд карда гуфт:
– Кадую обро биёр, ана акнун ҳамроҳ мехўрем. Кор ки анҷом ёфт, хўрок ба кас ош мешавад.
Соқӣ ҳам ғанаки охиринро заду хўшаҳои гандуми рехтаи гирду атрофро чида, ба болои ғанак монд ва кадуи пуробро гирифта ба назди амакаш омад.
Ҳамсоязамини онҳо Икром низ ҳамроҳи писараш корро тамом карда, ба назди Мирзо омаданд. Ҳама дар сояи чормағз дастархон кушода, давра нишаста машғули сўҳбату нонхўрӣ шуданд.
Димоғи Мирзо чоқ буд. Ғанакҳоро гаштаю баргашта ҳисоб карда завқ мебурд. Соқӣ хайёлмандона чой менўшиду ҳар замон ба амакаш беҷуръатона нигоҳҳо мекард. Вай таърихи Каркадан, Барзуи деҳқон ва Бобои деҳқон лақаб гирифтани амакашро медонисту сабаби чӣ гуна паҳлавон шудани ўро намедонист ва борҳо аз амакаш пурсида бошад ҳам, дар ин бора ҷавоби дурусте нагирифта буд.
Имрўз аз фурсат истифода бурда, илтимос кард, ки амакаш сабаби паҳлавониашро гуфта диҳад. Икрому писараш низ илтимоси Соқиро қувват доданд.
Мирзо дигар эътирозе накард.
– Ин қисса дароз аст – ба ҳикоят даромад ў. – Ба хаёлам солҳои 1920 буд. Ҳукумати шўроиро бо эъзозу икроми тамом пешвоз гирифта сарзамини Қаротегинро бо ду дасти адаб ба вай пешкаш кардем.
Дар аввалҳо аз баъзе дайдуҳою худоношиносҳо дар бораи ҳукумати шўро гапҳои ношоиста, тўҳматҳои ноҳақ шунида, ба тарсу ваҳм афтода бошем ҳам, баъд аз чанд моҳ маълум гардид, ки вай ҳама адолати Нўшервони одилро дар тартиби ҳукуматдорӣ ҷорӣ мекунад.

пешина
аз 163
навбатӣ