ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Ба хаёлам, дўстони азиз, калонҳои ҳукумати шўро аз китобҳое қиссаи Нўшервони одилу Ҳотами Тойро хонда аз рўи онҳо кор мебурданд. Дигар ғамхориву мададу ҳотамияш як тараф истад, ҳатто ғами юғу сипори деҳқонро ҳам мехўрд. Афсўс, ки ҳукумати нав баъд аз як сол ба кадом сабабе аз ҳудуди Қаротегин баромада рафт. Деҳқононе, ки дар муддати як сол аз шарофати ҳукумати шўроӣ ба зиндагии осуда ва бобаракат сар карда буданд, пас аз рафтани вай ба таҳлука афтоданд ва бо умеду орзуи зиёде аз сари нав ва ҳарчи зудтар ба Қаротегин баргаштани ҳукумати шўроиро интизорӣ мекашиданд. Ёрдамчиёнӣ ҳукумати шўроӣ бо ҳар роҳ аз ҳолу аҳволи мо хабардор шуда меистоданд. Ба тариқи махфӣ ба тарафи Ҳисору Бойсун махсус одамҳо фиристода, аз кай ва бо кадом роҳҳо омадани аскарони сурх хату хабар мегирифтанд.
Баъд аз рафтани Ҳукумат Фузайл Махсум худашро ҳокими Қаротегин эълон кард. Номи қишлоқаш Метамиёнро – Шеробод номида туғ бардошту «давр – даври Фузайл!» гуфт. Ў фармон баровард, ки дар вақти хондани намози ҷумъа хутбаро акнун ба номи амири гурехтарафта Олимхон не, ба номи ҳомин дини ислом Фузайл Махсум хонанд.
Ана, дўстони азиз, барои мардумони Қаротегин рўзи сиёҳ сар шуд. Фузайл бо лашкари бисёре дар қишлоқҳои Тангно тохтутоз овард. Вай аз дигар ҷо баромад надошт, ки лашкари беяроқу аслиҳаашро аз ҳар ҷиҳат таъмин кунад. Мўру махал барин кўҳу камари Қаротегинро мелесид. Бо маслиҳати баъзе мушовирони кўкнориаш ҳамаи устоҳои оҳангари музофоти Қаротегинро ба як ҷо ҷамъ оварда, ба сохтани қўру қўрхона ва яроқу аслиҳа шурўъ кард.
Дўстони азиз, пеши шумо дурўғ, пеши Парвардигор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё