ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
рост, ҳама асбобу анҷоми рўзгори деҳқонон:
офтобаҳои мисин, косаю табақи биринҷиро кашида гирифт. Дере нагузашта деҳқони бечора ҳатто барои чойнўшиаш чойҷўш ҳам наёфт.
Ба хоҷагиҳои миёнаҳол ва бойтар бошад, аз чил то панҷоҳ дона тилои сурх закот андохт. Бо ин пули тило аз Англия яроқу аслиҳа хариданӣ буд. Одамонеро, ки ба қонун муқобил мебаромаданд, ба гарданҳояшон ресмон баста, ба пешашон алаф мепартофтанд. Агар касе ин пулро ёфта надиҳад, онро душмани ислом эълон карда, хонаашро талаю тороҷ мекарданд, худашро ё сар мезаданд ё ба дор мекашиданд., ки чашми мардумро тарсонанд.
Бо фармони раисони Фузайл шабҳои зимистон дар Қаротегин мўйсафедон бинои мусулмонӣ аз ёд карда, ҷавонон ҷангномахонӣ мекарданд. Аз афти кор, худи Фузайл ҳам ҷангномаҳои Амир Ҳамза, «Ҳабдаҳ ғазо», «Абўмуслим» ва ғайраҳоро мехонд, ба таъсири паҳлавонҳои ин гуна китобҳо монда, хост, ки аз ҳар гўшаю канор одамони ниҳоят бузургҷуссаи салобатнокро ҷамъ карда, аз онҳо дар лашкараш дастаи паҳлавонони гурззанро низ ташкил диҳад.
Бинобар он, аз тобеъҳои Кўлобу Ҳисор ва ҳатто Фарғона яккачин карда дастаи паҳлавонони гурззан ташкил дод. Ба онҳо паҳлавони машҳури Қаротегин – Қандилпаҳлавонро, ки вазнаш аз дувоздаҳ пуд зиёдтар буд, сардор таъйин кард. Баъд Қандилпаҳлавонро Қандил – понсад мегуфагӣ шуданд.
Аспҳои ҳамаи онҳо, дўстони азизи ман, аспҳои калони сафед буданд, ҳама телпаки пўсти гўсфанди сафеди ҳисорӣ, чакманҳои сафед, мўзаҳои сурхи пўстиговӣ мепўшиданд, ки ин сару либос онҳоро бештар ба аҷоибмахлуқот монанд мекард. Барои инҳо устоҳои қўрхона гурзҳои сафед тайёр карда буданд, ки ҳар кадомашро ду кас базўр ба болои асп бароварда, бо тасмаи махсус дар қоши зин устувор мекард. Ин дастаи махсуси паҳлавонони гурззан ҳамеша чун пайки фатҳу зафар, пешопеши лашкари Фузайл мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё