ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Пайдо шудани паҳлавонҳо барои халқи Қаротегин болои сўхта намакоб шуд. Агар то пайдо шудани инҳо панҷ – шаш беки Фузайл як гўсфандро хўрад, акнун ҳар як паҳлавон як гўсфандро покиза фурў мебурд.
Дар ҳар қишлоқе, ки қадами онҳо мерасид, дуд аз димоғи мардум мебаромад. На зинда ватан меёфт, на мурда кафан.
Ана, дўстони азизи ман ки бошед, ҳамин паҳлавонони гурззан, ҳамин «ҳомиёни ислом», ҳамин меҳмонони нохонда дар яке аз рўзҳои тирамоҳ ба қишлоқи мо меҳмон шуда омаданд. Расидани пою қадами номубораки онҳо ба остонаи қишлоқ аз касалии вабо камтар набуд.
Ҳамон сол дар замини Сари Ҷўй каду кишт карда будам. Замин ҳосили хуб дод. Ба қудрати Худо ҳар як каду то як-яку ним пуд шуд.
Яке аз паҳлавонон ба сари замини ман омад. Вай аз қабили ҳамон гуна паҳлавонон буд, ки халқ ба сифати онҳо муносиб гуфтааст.
Ҳамон паҳлавоне, ки меган, манам,
Дарахти кадуро зи бехаш канам,
Манам паҳлавони сари деги ош,
Кунам лашари пашшаро пош-пош.
Ин паҳлавони сари деги ош, баъд аз он, ки таги деги ошро лесида партофт, гурзи даҳманиро ба машаққат сари китф карда, ба сари замини каду омад. Омаду кадуҳоро лашкари қуффор ва худашро паҳлавони лашкари ислом пиндошта, дар муқобили «душман»
майдони ҳарб орост.
Ҷони ман ки бошед, аз ҷангномаҳо майдони ҳарби ду лашкари муқобили якдигар ҳарбу зарбкунандаро шунидаед: «Ду лашкар дар муқобили якдигар саф оростанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё