ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Аз тарафи лашкари ислом паҳлавон Баҳмани даҳман ва аз тарафи лашкари куффор Ландаҳури кўҳкан дохили майдон шуданд. Вай сипар болои сар кард. Ин гурзро дар ҷилва даровард ва наъраи шерона кашида, ба камари Ландаҳур чунон зад, ки ҳар қуббаи сипар ба монанди ситораи саҳар дар камараш рахшид».
Паҳлавонони худоношиноси Фузайл ана ҳамин манзараи ҷангномаҳоро ба хотир оварда, яке аз он паҳлавонони лашкари ислом пиндошта, гурзро ба ҷилва дароварда ва ба сари ҳар каду ки мефуровард, донаҳояш дар ҳаво пош мехўрданд. Дигар бетамизҳо корнамоии ин бангиро тамошо карда, қаҳ – қаҳ зада механдиданд.
Ин манзараро дида, пеши чашмонам торик шуд, тоқатам намонд ва аз хуну пўстам гузашта исту бист накарда аз гиребони ин малъун гирифтам. Ҳар ду дар майдони масоф шудем. Хуб медонистам, ки ин бетавфиқ ғайр аз хўрдану хуфтан дигар ҳунаре надорад. Аз шиддати қаҳру ғазаб «ё шоҳи мардон!»
гуфтаму дар пояш ҳаллук печонда, чунон бардошта задамаш, ки сари паҳлавон ба замин як газ ғўтида рафт. Қандил – понсад, ки масофи маро тамошо мекардааст, маро ба ҳузураш даъват намуд.
Азбаски вай паҳлавони ҳақиқӣ буду аз афтидани паҳлавонаш ба қаҳру ғазаб омада буд, маро чизе нагуфту паҳлавони худашро дашноми бисёре дод, либосҳояшро кашида дар назди мардум шармандаю шармсор кард. Намедонам, ки баъдтар дар бораи ман чи гуна ҳукм бароварданӣ буд. Хайрият, бегоҳии ҳамон рўз хабар расид, ки аз тарафи Обигарм ва Мастчоҳ аскарони сурх аз сари нав зер карда омаданд.
Фузайлу паҳлавонҳояшро торумор карда, ҳокимияти шўроиро дар Қаротегин барқарор карданд. Аз нав дари адлу инсоф ба рўи деҳқонон боз шуд. Мардуми қишлоқи мо гурзҳои паҳлавонони Фузайлро шикаста партофтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё