Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷони ширини ман ки бошед, аз ҳамон рўз инҷониб ин ҷўраи шумо Мирзои деҳқон Мирзопаҳлавон шуда монд. Ана, дўстони азиз, шумо ҳам ба муроду мақсадатон расед. Мулло Соқӣ, сабаби паҳлавонии амакатро дурустакак фаҳмида мондӣ. Ту ҳам монанди ман паҳлавон шав, омин аллоҳу акбар.
Насими форами бегоҳирўзии тобистон хурҳуркунон мевазид. Деҳқонони ҳашарӣ аз кўҳу кўталҳо бо суруди яккафарёд ба қишлоқ бар – мегаштанд. Мирзою Соқӣ аз ҷояшон хеста, дарзаҳои ҳезуми тайёркардашонро пуштора карданду дос ва кадуи обро ба даст гирифта, ба сўи хона раҳсипор шуданд.
ХИРМАН

Амаки Соқӣ – Мирзо кўшиш мекард, ки ғаллаи даравшударо ҳарчи зудтар ба сари хирман кашонад.
Бинобар он лаҳзае ором наменишаст. Аз кўҳҳои баланди говраҳа гоҳо бо шохмола, гоҳо ба пуштора, гоҳо бо чигина ва кашак гандуми даравидаашро ба хирманҷой меовард.
Дар мавсими тирамоҳ дар қишлоқҳои кўҳистон хирманҷойҳо хеле ободу пурфайз мешаванд. То танги тирамоҳ, то ғундоштани ғалладона ҳама маъракаҳо, ҷамъомадҳо, хўрду хўрок дар ҳамин хирманҷо мегузаранд. Дар наздикии хирман дарзаҳои гандумро ғарам мекунанд. Баъд бо эҳтиёт бандҳои гандумро аз як тарафи ғарам гирифта мекушоянду ба рўи хирман пош дода, чапар мебанданд. То майдаву талқон шудани гандумпояҳо як ё ду ҷуфт барзаговро чарх мезанонад. Одамон дар байни говҳо истода чапар мегардонанд. Вақто ки гандумпоя дар зери чапар даромад, вайро хур меноманд. Баъди ҳар чанд вақт панҷшохаҳо хурҳоро мекобанду чапаву роста мекунанд. Барои майдаву бодӣ шудани як хур гандум ду – се шабонарўз вақт лозим.
Шабҳо, махсусан шабҳои моҳтоб аз сари ҳар хирман: «майда – ой ой майдае» гуфта замзама кардани чапаргардон ба гўш мерасид. Гоҳ – гоҳ аз байни ин садоҳо овози хоболуди Соқиро ҳам шунидан мумкин буд. Барои ин, ки амаки Соқӣ ҳосили имсоларо беталаф ғундорад, ҳатто кўшиш мекард, ки ба сари вақт лаҷом занад ва онро аз даст намонад.
Соқӣ то соатҳои яку – дуи шаб чапар мегардонд.
Боз амакаш ўро соатҳои чору панҷи пагоҳ аз хоби ширин гоҳ ғазаболуд, гоҳ навозишкорона бедор мекард. Ҳар пагоҳ амакаш дар болои сари Соқӣ ҳангоми бедор кардани ў такрор мекард:

пешина
аз 163
навбатӣ