Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳозир вақти гирудори кор, дам ғанимат. Канӣ, шери бобо, говҳоятро ба чапар банд, то ҳамсояхирманҳо гов бастана ту хурашро майдаву талқон карда мепартоӣ.
Ҳар рўз аз пагоҳ то бегоҳ аҳвол ҳамин буд. Ин пагоҳ аввалин хури майдашударо хара карданд, димоғи амаки Соқӣ ниҳоят чоқ буд. Ў хараро дида, ҳосили фаровонро чашмдор буд.
Мирзо Соқиро ҷеғ зада, табассумкунон гуфт:
– Шери бобош, кабк барин рафта, аз қишлоқи ҳамсоя аз хирмани Солеҳино қолиби хараро гирифта биёр.
Вақто ки Соқӣ ба қишлоқи ҳамсоя омаду аз Солеҳ қолиби хараро пурсид, ў гуфт:
– Афсўс, ки, писарам, камтарак дер мондӣ, ҳозиракак қолиби хараро ба қишлоқи Навобод бурданд.
Соқии бечора ба обу арақ ғўтида, аз ин қишлоқ ба он қишлоқ ва аз он қишлоқ ба дигараш дар кофтукови қолиби хара овора шуд. Бегоҳирўзӣ дар қишлоқи Наскак Сулаймон ном марди деҳқон, ки Соқӣ аз ў қолиби хара пурсид, қоҳ – қоҳ зада гуфт:
– Эҳ бачаи сода, хара ҳам қолиб дорад? Туро масхара кардаанд.
Одатан бо деҳқонбачаҳои содаи нав ба кори деҳқонӣ камарбаста дар аввалҳои кор ҳамин гуна шўхӣ мекарданд.
– Додарам, – тассалиомез гуфт Сулаймон, – барои хара қолиб – молиб даркор нест. барои хара аввалаш шамолу баъд як табақ қурутобу се чор бодгари бақувват лозиму вассалом. Амаки ту Мирзопаҳлавон ҳамин гуна шўхиҳо дорад. Хайр, парво накун. Мон, ки туро ба ин восита дар роҳи зиндагӣ пухтатар кунад.
Соқӣ мондаву хаста, бо димоғи сўхта ба қишлоқ баргашт. Дар даромади қишлоқ ҷўрааш Асоро дид, ки гўсфандҳоро пешандоз карда, ба қишлоқ мебарад.

пешина
аз 163
навбатӣ