ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Онҳо бо якдигар вохўрӣ карда, ҳолу аҳвол пурсиданд.
Асо гашта – баргашта ба рўӣ Соқӣ нигоҳ мекард.
Ҷўраҷон, – гуфт Соқӣ оҳи сарде кашида, – агар як ҳафтаяк дар паҳлўи амаки ман кор мекардӣ, он вақт аҳволи маро бепурсупос мефаҳмидӣ. Аз сабаби шабу рўз чапаргардонӣ хаёл мекунам, ки замину осмон дар назарам чарх мезанад. Ин ҳама машаққат бас набуд, ки имрўзи дароз қишлоқ ба қишлоқ қолиби хара мекофтам.
Асо хандакунон гуфт:
– Ҷўраҷон, ҳамааш айби худат, ба маслиҳати ман гўш накардӣ. Дар паҳлўи амаки ту одам он тараф истад, дев ҳам як ҳафта кор карда наметавонад.
Баъд Асо ба Соқӣ наздиктар шуда гуфт, ки як ҳилаи нав ёд медиҳад. Агар Соқӣ аз ўҳдаи иҷрояш барояд, ду ҳафта баҳузур бозию кайфу сафо карда мегарданд.
– Боз чӣ хел ҳила? – пурсид Соқӣ ва илова кард. – Як бор ҳила ёд додӣ, як рўз бозӣ карда, чор рўз шаллоқ хўрдам. Метарсам, ки аз болои ин ҳилат ду ҳафта бозӣ карда, се моҳ шаллоқ хўрам.
– Не, ҷўра, – гуфт Асо, – ин ҳила он қадар мушкил нест, фақат ба гапам дурустакак гўш кун. Ту гуфтӣ, ки амакам соатҳои чору панҷи пагоҳ омада, аз хоби ширин бедор мекунаду пеш аз ҳама ба чапаргардонӣ меандозад. Ту пештар аз омадани амакат аз хоб хезу дар обмўрии сангдевори сари роҳ худатро пинҳон кун.
Ҳамин ки шарфаи пои хари амакатро шунидӣ, тайёр шуда, оҳиста саратро аз обмўрӣ барор. Ана баъд қудрати худоро бо чашми худат мебинӣ. Аммо хуб эҳтиёт шав, ки ба даст наафтӣ.
Соқӣ ҳамон шаб соати сею ним аз ҷояш хесту дар обмўрӣ пинҳон шуда, омадани амакашро интизор шуд.
Ҳамин ки амакаш харсавор ба обмўрӣ наздик шуд, Соқӣ сарашро оҳиста бароварда, аз тарафи харакӣ наздик расида ду – се маротиба пасту баланд кардан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё