ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Хар аз ногаҳон пайдо шудани сиёҳии болои роҳаш дақиқае ду ғўшашро сих карду баъд чунон ҷуфтак зада парид, ки амакаш монанди банди каҳбеда аз болои хар канда шуда ба даруни ҷўй сарозер афтид.
Баъд аз садои гулдуроси афтидани Мирзо паҳлавон ҳам дергоҳе овози гурсоси сумҳои хар ба гўш мерасид.
Дар ин асно нолиши ҷонгудози Мирзо аз даруни ҷўй баланд шуд.
Соқӣ, агарчанде аз кирдори худ ҳамон лаҳза пушаймон шуда, дар дилаш Асоро ҳақорат диҳад ҳам, овоз намебаровард, чунки сахт тарсида буд. Ў ин гуна натиҷа додани ҳазлро чашм надошт. Ў зуд аз обмўрӣ берун шуда, роҳро чапғалат дода ба назди амакаш омада ва аз чизе хабар надоштагӣ барин «ба шумо чӣ шуд, амакҷон» гўён ўро аз дасташ дошта, кашида ба лаби ҷўй баровард.
Мирзои бечора ҳанўз ҳам доду войомез ким – чӣ хел дуоҳо хонда ба худаш ва ба гирду атрофаш куф мекарду «маиб шудам» гўён пояшро медошт. Вақте ки Соқиро дар наздаш дид, «ту Соқӣ – мӣ, ҷони бобош, маиб шудам» гуфт.
– Дар назди ҳамин сангдевор ягон назаргоҳ ё мазор, ягон авлиё будааст, – мегуфт амакам. – Ҳеҷ гуноҳамро намедонам, ҳар пагоҳ аз ҳамин ҷо мегузаштам, ҳеҷ гап набуд. Ин пагоҳ ҳамин ки хар ба обмўрӣ наздик шуд, аз рў ба рўям як ҷонвар аввал ба шакли пишак, баъд ба шакли шутур гашта рост хест. Дар пешонааш як чашм дошт, хари падарлаънат онро дидан замон чунон чап парид, ки аз болояш парида рафтам. Ҳар бало ба поям расида бошад, майлашу аммо метарсам, ки ба устухонам зиён нарасида бошад.
Соқӣ амакашро кашолаю пуштора карда ба сари хирман овард ва аз ҳодисаи рўйдода ҳамсояхирманҳоро хабар кард. Ҳама ҷамъ шуда, воқеаро бо муболиғаҳои зиёде аз даҳони Мирзопаҳлавон шунида, ба ў таҳсину офарин мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё