ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
– Хайру худоӣ кунед, – маслиҳат медод яке аз ҳамсояҳо, – чилёсин кунед, ки ба шумо сояи шери ҳазрати бузургвор расидааст. Гоҳ – гоҳ шабҳои ҷумъа шери ҳазрати бузургвор аз ҳамин роҳ ба қадамгоҳи ҳазрати Алӣ меравад.
Амаки Соқӣ ду – се ҳафта ба кор набаромада хоб кард. дар ин муддат дар қишлоқ овоза паҳн шуд, ки Мирзопаҳлавон бо худи албастӣ даст ба гиребон шуда, аз мушти албастӣ андаке зиён дидааст. Аммо албастиро қасам додааст, ки дигар бо ақрабои ў ҳеҷ гоҳ рў ба рў нашавад.
Бо ҳамин ҳамаи корҳо боз ба гардани Соқӣ бор шуд.
УЛАВ
Соқӣ дар қишлоқи Ниширён дар хонаи тағояш зиндагӣ мекард. Ў акнун ба Соқии пештара монанд набуд. Торафт муҳаббати Маҳҷон дар дилаш амиқтар реша медавонд. Ҳамсояҳо ба тағояш мегуфтанд, ки худо умраша дароз кунад, ҷиянатон писари нағзу аммо каме хаёлӣ менамояд. Гоҳ – гоҳ дар назди дарвозаи ҳавлиатон соатҳо фикр карда пешониашро молида менишинад. Ё ба ў шамоли ҷин асар кардааст ё ки дар сараш ягон савдое дорад.
Баъд аз шунидани гапҳои ҳамсояҳо тағои Соқӣ ба ў диққат медодагӣ шуд. Тағояш ба хулосае омад, ки Соқӣ савдоӣ шудааст. Бинобар он барои дафъи «савдо» аксар вақт ўро ҳамроҳаш ба шикор мебурд. Тағои Соқӣ ҳам мергани хуб, ҳам бошабоз буд. Гоҳ бо камони душоха ба кўҳу камар ба шикори нахчир мерафтанд, гоҳ бошаро гирифта ба саҳро ба сайди кабку бедона мебаромаданд. Ба ҳамин тариқ рўзҳо пайи ҳам мегузаштанд.
Як рўз раиси ҷамоа, ки дўсти деринаи тағои Соқӣ буд, меҳмон шуда омад. Дар омади гап писари кӣ будани Соқиро пурсид. Вақте ки писари кӣ будани Соқӣ ва аз саводнок будани ў огоҳ шуд, аз тағои Соқӣ хоҳиш кард, ки ўро баъд аз ду рўз ҳамроҳ гирифта ба идораи ҷамоат биёрад.
Баъд аз ду рўз тағояш Соқиро ба идораи ҷамоат бурд. Раиси ҷамоат гуфт, ки Соқиро котиби ширкат таъин карданист. Ширкат хоҷагиҳои нав коллективонидашударо бо асбобу анҷоми деҳқонӣ, бо пул ва ғайраҳо таъмин мекард. Соқӣ розӣ шуд ва дар ин вазифа чанд моҳ кор кард.
Тирамоҳ буд. Як рўз раиси ширкат Соқиро ба назди худ ҷеғ заду гуфт:
– Додарам, ту бояд ҳамроҳи ана ин панҷ – шаш улав ба Душанбе равию асбобу анҷоми ширкатамонро бор карда биёрӣ. Ба дигар кас бовар кардан мумкин нест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё