Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мана ин кас Насибулин, намояндаи район. Аспи дилхоҳатро гиру тараддуди сафарро бин, фардо ба роҳ мебароед. Эҳтиёт шав, ҳама ашьёи гирифтагиатро ба рўйхат гир. Хайр, сафарат бехатар шавад.
Соқӣ як эътироз карданӣ шуду боз номардӣ нашавад гуфта, худдорӣ кард ва аз идора баромад. Ў ба ҷоҳои дур сафар накарда буд. Ғарқи фикру хаёл ба хона омаданашро надониста монд. Бегоҳирўз бо тағояш маслиҳат кард. Тағояш «бисьёр нағз, сафар кардан – ҷаҳон дидан гуфтаанд», – гўён Соқиро дилбардорӣ кард.
Рўзи дигар савораҳо ба роҳ баромаданд. Аз ағбаву кўҳу тал ва оврингҳо гузашта, чанд шабонарўз, чунон ки гуфтаанд, «манзил ва мароҳил» тай карда, рўзи чорум бегоҳӣ дохили қишлоқи Дубеда шуданд. Ему коҳи онҳо тамом шуда буд. Дар назди масҷиди қишлоқ аспҳоро баста аловхона (меҳмонхона) даромаданд.
Мардуми қишлоқ меҳмононро сард пешвоз гирифтанд.
Онҳо дар манқалдони масҷид (дар атрофи алов) нишаста андаке нафас рост карданду аз соҳибхонаҳо камтар ему коҳ пурсиданд. Ҳама хомўш буданд, фақат касе аз ҳозирон гуфт:
– Ҷўраҳои меҳмон, ба обрўи Муҳаммад боз камтар даматонро ҳот кунеду (дам гиреду) аз роҳатон намонед.
Ин қишлоқи сари роҳ аст. Шумо барин ҳар рўз садҳо нафар аз ин ҷо мегузарад. Ему коҳ он тараф истад, хасу хошок ҳам намондааст.
Мўйсафеди боинсофе дар ҷавоби он мард:
– Муллоҳошим, номи мардуми қишлоқро бад накун, ему коҳ надиҳӣ ҳам, ба меҳмонон муомилаи дағал накун, – гуфт бо эътироз ва ба меҳмонон рў овард:
– Меҳмонони мўҳтарам, хафа нашавед, ман ему хошок надорам, лекин шаб дар ин ҷо монданӣ бошед, гушнаю ташна намемонед. Чунон ки мегўянд, «мушкиле нест, ки осон нашавад». Пагоҳ барвақттар хезед, иншооллоҳ ба манзил мерасед.
Якта-якта одамони таҳҷоӣ баромада рафтанд.
Муйсафед пас аз фурсате як чойник чой ва дар дастархон нон оварда, назди онҳо гузошта каме сўҳбат карда нишаста, вай ҳам баромада рафт.

пешина
аз 163
навбатӣ