Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мусофирон каме қути лоямут карда чой нўшиданд. Аммо шиками аспҳои бечора аз гуруснагӣ танбўр менавохт.
Сардори улав, ки Сафол-саркор ном марди ғаюру кордидае буд, пиёлаи чойро гирифту гуфт:
– Дўстон, парво накунед, ин мардумро чунон боб кунем, ки як умр дар хотирашон монад.
Посе аз шаб гузашта буд, ки ба саҳни масҷид баромаданд. Аспҳо гўшҳояшонро сих карда, бо умеде ба тарафи онҳо нигоҳ мекарданд. Шаб хело хунук буд.
Моҳ гоҳ ба зери абр пинҳон шуда, гоҳ баромада оламро мунаввар мекард.
Сафол-саркор Соқӣ, Одина ва Ҷалолро ба назди худ оҳиста ҷеғ зада гуфт:
– Тўрбаҳоро гиред, ба Зоғу Пахол гўед, ки дар пеши аспҳо истанд. Бо кадом роҳ ки бошад, барои аспҳо аз ҳамин қишлоқ коҳ пайдо мекунем.
Сафол-саркор пеш-пеш, дигарон аз қафо дар байни дарахтон ғоиб шуда рафтанд. Гоҳ истода, гоҳ пасту баланд шуда аз назди чанд дару дарвоза, аз паси девори бомҳо мегузаштанд. Дар тарафи ҷануби шарқии қишлоқ ҳавлии боҳашаматеро дида истоданд.
Баъди дар атрофи қўрғони ҳавлӣ як-ду маротиба чарх задан аз рўи тахмин дар кадом тараф будани коҳдонро муайян карданд ва ҳар се ба пушти боми он омаданд.
Сафол-саркор «канӣ аз поям дошта маро ба рўи бом бароред, як хабар гирифта бинам, агар ҳақиқатан коҳдон бошад, дар он сурат якта-якта шуморо ҳам кашида мебарорам, тўрбаҳоро пури коҳ карда худо розӣ шавад, сиҳат-саломат ба назди аспҳо бармегардем.
Баъд аз он ки ба ватан баргаштем, барои мардуми ин қишлоқ коҳ савғо мефиристем» гуфту аз сари китфи онҳо ба рўи бом баромад.
Дар рўи бом ин тараф-он тараф гашта охир тахтаеро ёфт. Вақте ки тахтаро оҳиста кашид, равзане намудор шуд.

пешина
аз 163
навбатӣ