ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Аз он равзан бодиққат ба поён нигоҳ кард, дар шўълаи маҳтоб дид, ки як тарафи хона то шифт пур аз коҳ аст.Саркор хурсанд шуду ба лаби бом омада дигаронро низ кашола карда баровард.
– Ана коҳи деҳқонӣ, бисмиллоҳу раҳмону раҳим гуфта гирифтан гиред. Канӣ, кӣ марди майдон шуда аз равзан ба поён мефурояд?
Дар байнашон ҷавонтар ва сабуктар Соқӣ буд.
Саркор гуфт:
– Набошад ту, Соқичон аз ҳама чобуку чаққон ҳастӣ, тўрбаҳоро дар гарданат андоз, ману мулло Одина аз дастат медорем, ту аз ин равзан ба поён фуро, ҳамин ки поят ба коҳ расид, туро сар медиҳем, баъд тўрбаҳоро пур карда ба мо медиҳӣ ва туро кашида мегирем, вассалом.
Соқӣ сипоҳигариро аз даст надода, розӣ шуд.
Як дасташ ба дасти саркор, дасти дигараш ба дасти Одина, ба дарун овезон шуд. Соқиро сар доданд. Баъд аз дақиқае гумбуроси ба замин задани Соқӣ ба гўш расид. Сафол-саркор ба лаби равзан хам шуда ду-се маротиба «Соқӣ, ҳў Соқӣ» гуфта ҷеғ зад, вале дар ҷавоб садое нашунид. Дар ин лаҳза Одина ба воҳима афтида, «Ака саркор, ака саркор, аз пушти бом шарфаи пои одам омада истодааст, худо зад, ба даст афтидем!»-гўён аз дасти Сафол-саркор дошта ба гўшаи бом кашид, дигар таваққуф накарда худро ба поён, ба пушти бом партофтанд. Соқӣ дар он каҳдон монд.
Баъд аз фурсате Соқӣ ба ҳуш омаду чашм кушод.
Дид, ки дар хонаи холию хомўш тоқаву танҳо ба пушт дароз хобидааст. Вай гумон мекард, ки хоб дида истодааст, гашта-баргашта чашмҳояшро мемолид, охир, воқеаи рўйдода ба хотираш омаду ба воҳима афтод. Аз тарс, ба монанди барги бед меларзид, қатраҳои арақи хунук аз сару рўяш мешориданд.
Оҳиста-оҳиста пою дасташро ҳаракат дода дид, ки ба ў зиёне нарасидааст ва ҳамаи аъзояш солим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё