Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард бояд ки ҳаросон нашавад,
Мушкиле нест ки осон нашавад.

якбора ба ёдаш омаду ҳама ғайраташро ба як ҷо ҷамъ карда «ё Алӣ!» гўён аз ҷояш хест. Дар шўълаи моҳтоб, ки аз равзан меафтид, дид, ки ин хона нав сохта шудааст.
Меҳмонхона ё хонаи хоб буданаш ҳанўз маълум набуд.
Дар як тарафаш то қарибиҳои шифт бурё чида шуда буд.
Ҳанўз дару даричаҳояш часпонда нашуда буданд. Зуд аз хаёлаш гузаронд, ки ана ҳамин бурёҳои дар як тараф чидашударо Сафол-саркор дар равшании моҳтоб коҳ пиндоштааст. Пешонаашро каме дошту «дар ин гуна маврид як дақиқа таъхир касро ба азобу шиканҷаи солҳо гирифтор мекунад», – гўён аз даруни хона ба рўи ҳавлӣ баромад. Дар рўи ҳавлӣ ба умеди он ки шояд аз ягон гўшае садои шариконашро шунавад, бо диққат ба ҳар тараф гўш андохт, аммо аз ҳеҷ куҷо ба гўшаш овозе нарасид. Дар тарафи ҷануби ҳавлӣ дарвозахона буд.
Оҳиста-оҳиста боэҳтиёт ба дарвоза наздик шуд, қуфли калонеро ба дарвоза овехта дид. Девори атрофи ҳавлӣ ниҳоят баланд буд. Пайи наҷоти худ аз ин қафаси дармонад илоҷу чора ҷустуҷў мекард. Ногоҳ аз тарафи ғарби ҳавлӣ рашание ба чашмаш намуд. Таваккал карда нўк-нўки по ба тарафи равшанӣ равон шуд. Айвоне ду хонаро аз якдигар ҷудо мекард. Дар таги айвон баромад.
Аз роғи дар ба хонае ки чароғ месўхт, нигоҳ карда дид, ки як марду як зани ҷавон дар атрофи сандалӣ ғарқи сўҳбат нишастаанд. Барои дигар ҷойҳоро аз назар гузаронидан ба дари хонаи дигар омаду занчири дарро беқулф ёфт. Оқистекак занҷирро кушоду дохили хона шуд. Ин анборхонае буд, пур аз асбобу анҷоми рўзгор.
Дар як тараф бо тамоми дарозии девор кўлию кўличаҳо сохта шуда буданд.
Соқӣ бо диққат ин хонаро аз назар гузаронда, ҳатто агар ягон воқеае боз рўй диҳад, ҷои пинҳон шуданашро ҳам муқаррар карда гашта ба айвон баромада, ба назди дари хонае, ки марду зан сўҳбат доштанд, омад ва гоҳ бо эҳтиёт ба роғи дар гўшашро мегузошт, гоҳ нигоҳ мекард.

пешина
аз 163
навбатӣ