Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соқӣ аз мушоҳида фаҳмид, ки инҳо зану шўй набуда, ошиқу маъшуқанд. Ба худ қарор дод, ки «ҳарчи бодо бод» гўён ба назди онҳо дарояд. Охирин қувватро ҷамъ карда, якбора дарро зада медароям, гуфта тайёр шуда буд, ки ногоҳ тақ-тақи дарвоза дастони ўро аз задани дар нигоҳ дошт. Охирин маротиба аз роғи дар нигоҳ кард, ки дар байни зану мард шўр афтодааст, зан ба мард мезаду мард ба зан, ба ҳар тарафи хона медавиданд.
Соқӣ зуд худашро ба анборхона гирифта интизори ҳодисаи даҳшатноке шуд. Дид, ки зану мард ба таги айвон баромаданд. дари сандуқи чўбинро бардоштанд, мард дохили сандуқ шуд, занак дари сандуқро пўшиду кўрпакўҳнаеро ба болои ў гузошт ва зуд ба тарафи дарвоза, ки ҳанўз садои тақ-тақ меомад, тохта рафт.
Соқӣ дар ин хона ниҳоят дар ташвиш афтода буд, дар куҷо пинҳон шуданашро намедонист. Чанд маротиба қарор дод, ки ба берун барояд, боз тарсид, ки мабодо ба даст афтад. дар охир ба ҳамин қарор омад, ки аз ҳама ҷои бехавфтар ҳамин кулиҳоянд. Дар яке аз ҳамин кулиҳо даромада пинҳон мешавад. Ин қарори қатъии ў буд. Вале ҳанўз дар пушти дар аз дарун истода, пайи ҳам ба худаш саволҳо медод, ки акнун чӣ мешуда бошад, марди дохили сандуқ чӣ кор мекарда бошад, дарвоза чаро тақ-тақ шуд, тақдири ин зани ҷавон чӣ мешавад?
Баъди лаҳзае садои суми асп ва овози зану мард ба гўшаш расид.
– Мўйсафед, ҳеҷ инсоф дорӣ, як зани ҷавонро дар ин ҳавлии калон танҳо гузошта то нимаи шаб бедарак шуда рафтӣ? – мегуфт зан. – Э, вой,– мегуфт мард, – бузургон занро бедарак «мўдарозу ақлкўтоҳ»
нагуфтаанд, он вақтҳое ки як атса занам, панҷоҳ кас баробар «ярҳамакуллоҳ ваяшфука» мегуфтанд кайҳо гузашта рафт. Ҳозир як батрак сурфа кунад, моҳо барин даҳҳо нафар аз тарс дар мушхона ҷой мешавем.

пешина
аз 163
навбатӣ