ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Худо накунаду овозата баландтар кунӣ «ҳа, хоин аз ҳуқуқ маҳрум, вай даврат кайҳо гузашт»-гўён садоҳо ханҷар барин ба ҷигарат мехаланд. Аз зорию тавалло кардан мурдам, базўр ду-се пуд гандумро орд кардаму ту танҳо натарсӣ гуфта, зуд бор карда омадам.
Бокимондаи гандумро дар осиё мондам. Зудтар биё, ордро холӣ кунем, баъд туро ба хонаи ҳамсоя бурда монаму зуд ба осиёб баргардам. Канӣ, чароғро гирифта биё.
Соқӣ ин гапҳоро шунида, худо зад, ҳозир халтаи ордро кашола карда, ба ин хона медароянд, – гўён ба рўи кулиҳо1 баромад. Тахмин кард, ки ана ҳамин кулии гандум аст. Бо саросемагӣ дохили кулӣ гардид, ки бечора саҳв кардааст. то зонуяш ба орд ғўтида рафт.
Дигар фурсати танг имкони аз кулӣ баромаданро намедод.
Дар болои орд дароз кашиду бо дасташ ордҳои дари сўрохро ба ду тараф барзаду латтаи дар сўрохбударо кашида гирифт, даҳонашро дар дари сўрох гузошт.
Ҳанўз ҳам ба умеди он буд, ки шояд халтаро дар анбор гузоранду халтаи дигар гирифта, азбаски кори мард шитоб аст, ордро ба кулӣ холӣ накарда зуд ба осиёб баргардад.
Вақте ки зан чароғ дар даст ва мард аз қафои он халтаро кашола карда дохили хона гардиданд, мард гуфт:
– Канӣ, занак, ба болои кулӣ баро. Бинем чӣ мешавад!
1 Дар қишлоқҳои кўҳистон кулӣ гуфта ҷои захираи орду гандум ва дигар зироатҳоро меноманд. Ба девори асосии хона такя дода бо гилу коҳ девори тунук месозанд. Аз болояш ба қадри одамдаро сўрох мегузоранд. 3-4 ваҷаб аз ҳамин балантар сўрохи мудаввар мемонанд. Вақте лозим шуд, аз ҳамин сўрохи поён бо даст орд ё гандум кашида мегиранд. Кулиҳои калон то 30-40 сентнер орд ё гандум мебаранд. Дар куличаҳо нахўду лўбиёю наску чормағзу мавизи тут ва ғайра захира мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё