ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Зан фармони мардро баҷо овард, ба болои кулӣ баромад. Мард табақи чўбинро пур аз орд карда ба дасти зан медоду зан ордро ба кулӣ мерехт. Баъд аз чанд табақро холӣ кардан зан дид, ки кулӣ қариб аз орд пур шудааст. Аз болои кулӣ зан хитоб карда гуфт:
– Ҳой мард, қариб аст, ки кулӣ аз орд пур шавад.
– Ҳазлу шўхиро мон, – гуфт мард. – Ин кулии мо ними орди аҳолии қишлоқро мебарад.
– Бовар накунӣ худат баромада бин, – гуфт зан.
– Ҳазл накун мегўям, канӣ дурустар бин, эҳтимол ягон палос-малоси бар болои кулӣ мондагиат дарун афтодааст, – гуфт мард.
– Ман дар болои кулӣ ягон палос-малос намонда будам.
– Ту падарлаънати ноқисулақли беҳушро, замонаш мешуд, аз мўят меовехтам, канӣ фуро!
Мард ба болои кулӣ баромада дид, ки орд ҳақиқатан то қариби даҳони кулӣ, пуропур расидааст.
– Канӣ, ордлағадкунакро ин ҷо гир.
Ордлағадкунак чўбест, ки дарозиаш як метр, ғафсиаш баробари банди пои одам буда, сари поёнаш як ваҷаб тунукабандӣ дорад, болояшро ба қадри як ваҷаб сўрох карда, чўби аз ду тараф бо ду даст медоштагиро мегузаронанд.
Соқӣ ҳамаи ин гапҳоро мешунавид. Медонист, ки дучори фалокату даҳшатҳои гўшнашунидаю чашмнадида мешавад. Гоҳ мехост ки бо тамоми қувваташ дод гўяд, гоҳ ба худ омада, астағфуруллоҳ мегуфт, гоҳ умед мебаст, ки шояд оқибати ин ҳодиса бахайр шавад. Хулоса, тан ба тақдир дод.
Зан ордлағадкунакро аз ҷояш гирифту ба дасти мард дод, бо ду дасташ аз дастаи ордлағадкунак дошта, бо тамоми қувваташ ордро зер мекард. Ҳар вақто оҳани сари ордлағадкунак ба пушти Соқӣ мехўрд, монанди резин то таги кулӣ пахш мешуд, вақте ки ордлағадкунакро боло мекашид, баланд мешуд. Аз даҳшати дард Соқӣ лабонашро газида хуншор карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё