ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Мард дид, ки дар вақти зер кардани ордлағадкунак як паст мешаваду ҳамин ки ордлағадкунакро боло кашид, боз орд баланд мешавад.
Мард ба ғазаб омада буд, аз пешонааш арақ мешорид, занро ба лафзи қабеҳ ҳақорат медод, зан ҳар замон мегуфт, ки ман дар болои кулӣ палос-малос намондаам.
– Бар падарат лаънат! – дашном медод мард. – Боз палос-малос намондаам мегўяд-а, аҳмақ.
Мард ордлағадкунакро ба як тараф монду аз поён истода, бо дасташ даруни ордро кофтан гирифт. Ногоҳ нўги домани Соқӣ ба дасташ хўрд.
– Падарнаълати ноҷинс, ана ин чист, ё ки чизҳои маро барои шўи ҷавони ояндаат дар ин кулӣ пинҳон кардӣ? Ту нағз бидон, ки ба осонӣ аз дасти ман ҷон ба саломат намебарӣ, чизҳои ман ба ҷаҳманди (ошиқи) ту насиб намекунад, – гуфту бо ду дасташ нўги домани ҷомаи Соқиро дошта сари ду зону истода бо қаҳру ғазаб чунон кашид, ки девори пеши кулӣ якбора фурў рафт.
Мард бари ҷома дар дасташ гурсас ба замин хўрд, ордҳо ҳар тараф пош хўрданд, ногоҳ Соқии саропо ордолуд дар байни хона пайдо шуд. Доду фарёди даҳшатангези соҳиби хона ҳавлиро фаро гирифт. Қариб чанд дақиқа беҳушу беёд ба якдигар нигоҳ мекарданд.
Соқӣ аз ин фурсат фоида бурда ба айвон баромад.
Ҳамин ки Соқӣ ба айвон баромад, тарақ-туруқи сандуқи дар айвонбуда баланд шуд..
Соқӣ дид, ки мардак дари сандуқро зада баромаду монанди тир роҳи гурезро пеш гирифт, шояд аз қафои ин рафта роҳ ёбам гўён ўро дунболагир кард. Соҳиби хона бошад, каме ба худ омада, ҳамроҳи занаш додгўён аз қафои онҳо медавид.
Дар як тарафи ҳавлӣ нардбоне гузошта шуда буд.
Марди аз сандуқ баромада ба нардбон часпид. Вақте ки мард ба рўи бом баромад, Соқӣ дар нимаи нарбон буд, соҳиби хона дар поёни нардбон. Соқӣ ба рўи бом баромаду дид, ки аз чанги соҳиби хона халос шудан душвор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё