ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Дарҳол фикр кард, ки илоҷе ёфта ин мардро аз нарбон партояд. Дар як гўшаи бом чизе мехобид. Зуд он чизро бардошта «ё пирам, мадад кун!»
гўён ба сари соҳиби хона, ки ҳанўз дар болои нарбон буд, партофт.
Ногоҳ чизе ба гарданаш печид ва худ низ кулўла шуда сарнагун рафт.
Бечораи Соқӣ дар рўи замин дароз кашида нолиш мекард. Ду-се қадам дуртар соҳиби хона доду вой менамуд.
Касеро ки бахт баргашт, бо дасти худ худро ба дом меандозад. Чизе ки Соқӣ аз гўшаи бом гирифта ба сари соҳиби хона партофт, тўқуми хар будааст ва ҳангоми боло бардоштан пордуми он ба гарданаш андармон шудааст.
Аз ғалоғула ва ин афту дарафтҳо ҳамсояҳо огоҳӣ ёфта, ҷамъ шуда монданд. Баъд дасту пои Сокиро бастанд, лағадкўбкунон ба кўча бароварданд. Ҳар чи қадар ки Соқӣ зорию илтиҷо мекард, намегузоштанд, ки арзи ҳол кунад. Ўро ба ҳамин ҳоли зор, бо даҳони пур аз орд, либоси дарида, пушту паҳлўи аз зарбаи ордлағадкунак варамида кашон-кашон ба идораи ҷамоат бурданд. Дар идораи ҷамоат Соқӣ воқиаи рўйдодаро ба раис ва ҳамкорони ў ҳикоят кард. Ҳар касе ки ин қиссаро мешунид, шиками худро дошта механдид, нав ба нав одамони қиссаи Соқиро нашунида пайдо мешуданду аз ў хоҳиш мекарданд, ки боз як бори дигар ҳикоят кунад, ки бо ў чӣ воқиа рўй дод, вай боз аз сари нав ҳикоя карда механдонд.
Раиси ҷамоат хабар дод, ки шариконаш ўро кофта наёфта, арзашонро гуфта рафтанд. Соқӣ як ҳафта дар меҳмонхонаҳои Дубеда хобида дертар ба Душанбе меояд ва дар заводи пахта ба кор медарояд. Баъдтар ба мактаби олӣ дохил мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё