Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ПИСАРИ АБДУЛЛО

Сессияи Совети Олӣ мерафт. Дар вақти танаффус ҷавоне қоматбаланд, чашму абрўсиёҳ, хандонрўй, ки костюми чусунча ба бар ва тоқии чустӣ ба сар дошт, наздам омад.
– Салом, муаллим! – гўён даст дароз карда, вохўрдӣ намуд.
Ўро нашинохтам, вале сир бой надода, ҳолу аҳвол пурсидам.
– Падарам бисёрҳо салом гуфтанд, – илова кард ҷавон.
Каме ба хаёл фурў рафтам, дафтари хотираамро варақ мезадам, ки шояд кӣ ва чикора будан ва дар куҷо бо ин ҷавон вохўрданамро ба ёд орам.
Дар ин лаҳза ҷавон пешдастӣ карда:
– Муаллим, аз афташ, маро нашинохтед, ман писари Абдулло – гуфт.
– Писари кадом Абдулло? – савол кардам.
– Ҳамон Абдуллое, ки ҳамроҳатон як вақтҳо муаллим буд.
– Э-э, Абдуллои дузд…
– Бале, худи худаш, муаллим.
– Одинаҷон?
– Ҳа, муаллим.
Дар ин вақт танаффус ба охир расиду ҳама ҷобаҷо нишастанд. Беихтиёр ин байти Бедил ба хотирам омад.

Ғофил машав зи умр, ки чун киштии дар об
Истода менамояду чун тир меравад.

Ман лавҳаҳои гузаштаро ба хотир овардам, ки гўё динаякак ин воқеа рўй дода буд.


Солҳои сиюм.
Дар яке аз деҳоти дурдасти кўҳистон мудири мактаб шуда кор мекардам. Мактаби на он қадар калон, талабаҳояш ҳам бисёр набуд.

пешина
аз 163
навбатӣ