ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Хусусан духтарҳо.
Ҳамагӣ панҷ-шаш нафар. Мураккабии кор боз дар он буд, ки дар ин қишлоқ мактаби кўҳна ҳанўз вуҷуд дошт.
Байни мо ва муллои мактабдор муборизаи тунду тезе мерафт. Як шогирд борҳо аз даст ба даст мегузашт.
Ҳатто бо марг мушту гиребон мешудем. Оқибати шуми Фузайл Махсум, ки як гурўҳ муаллимонро ба қатл расонда буд, ҳанўз ин гуна домуллои мактабдорро қувват медод.
Ба замми ин ҳам, муаллим чун тухми анқо буд. То як муаллим ёфтан остонаи дари шўъбаи маорифи районро охурча мекардем.
Баъди ду-се моҳи таҳсил шўъбаи маориф ба мактаби мо як муаллим фиристод. Ҷавони бист-бисту дусола буду хату саводи хуб, дониши комил дошт. Номаш Абдулло. Дар синфҳои боло ҷуғрофия дарс медод.
Дар синфи шашум Назрия ном духтаре мехонд.
Ниҳоят зебо: чашмҳои шаҳло, мўйҳои ҳамчун солики занбўр сиёҳ, рўи монанди шир сап-сафед дошт.
Рўхсораашро лолаи тар гўед, хато намекунед. Вақти ханда дар ду бари рўяш чуқурча – ҳусни зиёдатӣ пайдо мешуд.
Ў фарзанди охирини падару модар буд. Нағз мехонд.
Хурду калони қишлоқ дар ҳар як кор ўро ҳамчун намунаи ибрат ном мебурданд. Аз рўи шунидам, ду се фарзанди онҳо паси ҳам дар синни кўдакӣ бо як хел касал вафот кардаанд. Бинобар ин, падару модари ў қишлоқи ҳамсоя ба пеши ҳазрати эшон рафта, ба назру ниёзи бисёре мадад пурсидаанд. Ҳазрати эшон даму нафас андохта, як себро дукафон кардаасту ба зану шў хўрондааст ва аҳду паймон кардааст, ки агар духтар шавад, номашро Назрия монанд. Вақте ки ба камол расид, ҳамчун назр аз баҳри хуну пўсташ мегузаранду ба даргоҳи ў месупоранд. Агар писар шавад, номашро Назрӣ монда, ҳамчун ғулом ба хизмати ў бифиристанд.
Гўё баъд аз таваҷҷўҳи ҳазрати Эшон ҳамин Назрия таваллуд шудааст.
Рўзе, баъди дарс дар ҳуҷра менишастам, ки дарро кўфту Абдулло иҷозати даромадан пурсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё