Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рухсат додам. Даромадан замон аз авзоаш пай бурдам, ки ташвише ба сар дорад. Ҳолпурсӣ кардам. Бо хиҷолат ба замин нигариста, бо ангушташ фарши хонаро хат кашида, рози дил гуфт:
– Муаллими азиз, кайҳо боз ин розро ба шумо кушоданӣ, вале ҷуръат накардам, акнун, ки кор ба дараҷаи ашки сари мижгон расидааст, мегўям. Росташ, Назрияро монанди ҷон дўст медорам. Ба ҳар ашёе, ки дар ин қишлоқ менигарам, акси ў дар чашмонам ҷилвагар мешавад. Сарчашмаи бахти ман ин қишлоқ аст. Агар мадад нарасонед, падари азиз, зомин мешавед…
Дидам, ки дар ҳақиқат ҳам тири муҳаббат ҷигари Абдуллоро пора кардааст, пайи тасаллои ў кўшидам ва «Муносибати Назрия ба ту чӣ хел аст?» гуфта пурсидам.
Вай дар ҳолате, ки ҳанўз ҳам аз хиҷолат ба рўи ман нигариста наметавонист, бо овози ҳазин гуфт:
– Назрия гоҳ – гоҳ дуздида ба ман нигоҳ мекунад. Як рўз дар кўчаи назди мактаб дучорам омад, бо лаби рўймол даҳонашро пўшид ва чизи ба қоғаз печондаеро сўям дароз карда «модарам инро ба шумо фиристоданд» гуфту аз назди ман гузашта рафт. Ман қоғазпеч дар даст монанди ҳайкал дар лаби роҳ шах шуда мондам. Вақте ки ба худ омадам, қоғазро кушодам. Дидам, ки рўймолаки гулдўзии атрофаш мўҳрадор.
Ана гуфту ба ман нишон дод.
Ман ба Абдулло гуфтам:
– Ҳама корҳо пухтагӣ – ку. Охир, худат медонӣ, ки дар кўҳистон иқдоми аввал ба муҳаббат ё рўймолча, ё тўппӣ, ё миёнбанд бахшидан аст. Боз ин изтиробу бетоқатӣ барои чӣ!
Абдулло хомўш ба назар намояд ҳам, ба гумонам, ким-чӣ гуна нақшаҳо мекашид.
Ман таъкид кардам:

пешина
аз 163
навбатӣ